Э кош суруди бардавоме бошам...

Мисрае аз шоири хубу суханвари маъруфи тоҷик, марҳум Мастон Шералӣ. Шоире, ки дар як умри кутоҳ бо шеърҳои хубу пурмаъно ва навиштори дилписанду суханҳои дилчаспаш миёни ҳаводорони шеър маъруфият пайдо кард.  Ва агар умр вафо карда буд, имрӯз ба синни мубораки 82 қадам мегузошт. Вале дареғо, ки қисмат ӯро бармаҳал, дар баҳори 53-уми умр аз миёни ташнагони шеър рабуд.

Мастон Шералӣ 20 апрели  соли  1935  дар  деҳаи  Зериҳисори  ноҳияи  Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1950 факултаи филологияи  Донишгоҳи  давлатии  Точикистонро  хатм  кард.
Солҳо  дар  рўзномаи «Маориф  ва  маданият»,  моҳномаи  «Садои  Шарқ» кор кард,  муҳаррир  ва  мудири  шуъба дар  нашриёти  «Ирфон»  буд.
Шеърҳояш  аз  охири  солҳои  50- ум  чоп  шудаанд. Муаллифи  маҷмӯаҳои  « Мавҷҳои  Зарафшон» (соли 1964), «Илҳом» (соли 1969) ,  «Реша  дар  об» (соли 1970), «Ситораҳо» (соли 1972), «Ташнагӣ» (соли 1975),  «Раҳтуша» (соли 1978), «Қиёми  офтоб» (соли 1981) чоп шудаанд.
Шеърҳои  алоҳидаи  Мастон  ба  забони  русӣ  дар  маҷмӯаҳои  коллективии  «Рўзи  назми  тоҷик» (соли 1962),  «Дар  доманаи  офтоб» (соли 1965), «3000 – сатр» (соли 1969), «Роҳи  каҳкашон» (соли 1974) низ  ба  табъ  расидаанд
Пйесаи  ў  « Зол  ва  Рудоба» (соли 1970) дар  асоси  яке  аз  достонҳои  машҳури  «Шоҳнома» - и  Фирдавсӣ  навишта  шудааст. Драмаи  «Зебунниссо» (соли 1972 бо  Шамсӣ  Қиёмов)  аз  ҳаёт ва фаъолияти эҷодии  шоираи  маъруфи  асри  17  ҳикоят  мекунад.
Мастон Шералӣ  як  қатор  асарҳои  шоирони ҷумҳуриҳои бародар  ва  халқҳои  ҷаҳон   Расул Ҳамзатов, В. Сосюра, О. Кошоков, Д. Кутултинов, Г. Гейне, И. Ҳуте, Ш. Петефи, Пабло Неруда ва  дигаронро  ба  тоҷикӣ  тарҷума  кардааст.
Баъзе  шеърҳои  Мастон Шералӣ  ба  якчанд  забонҳои  халқҳои ИттиҳодиШӯуравии собиқ, инчунин  ба  забонҳои  чехӣ,  булғорӣ  тарҷума  ва  нашр  шудаанд.
Аз  соли  1964 узви  Иттифоқи  нависандагони  Иттиҳоди Шӯравӣ  буд.
Соли 1988 бар асари беморӣ аз олам даргузашт.
Хонандагон аз Мастон Шералӣ ва дар бораи ӯ аз Китобхонаи миллӣ метавонанд ин китобҳо, шеърҳо ва мақолаҳоро пайдо ва мутолиа намоянд:

                                                 Аз осори адиб

Шералӣ, М. Мавҷҳо, Кўҳи  булбулон: Шеърҳо // Таронаи  Октябр. – Душанбе, 1967. – 165 с.
Шералӣ, М. Илҳом: Маҷмӯаи  шеърҳо / Ҳайати таҳрир С. Улуғзода, М. Қаноат  ва А. Қаҳорӣ; Муҳаррир  Қ. Киром. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 38 с.
Шералӣ, М. Ташна. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 176 с.
Шералӣ, М. Ихлос: Маҷмуаи  шеърҳо. –  Душанбе: Ирфон. – 1986. – 383 с.
Шералӣ, М. Боли  оташ. – Душанбе: Адиб, 1988. – 272 с.
Шералӣ, М. Мероси дил. – Душанбе: Адиб, 2005. – 192 с.
Шералӣ, М. Мунтахаби  ашъор. – Душанбе: Адиб, 2015. – 320 с.
Шералиев, М. Ҷашни якуми  май: Шеър  // Тоҷикистони советӣ. – 1958. – 1 май.
Шералиев, М. Булбул :  Шеър // Шарқи  Сурх. – 1959. – С. 62.
Шералӣ, М. Марҳабо; Наврўзи  дилафрўз // Маориф  ва  маданият. – 1961. – 21 март.
Шералӣ, М. Бе  гули  рўи  шумо: Шеър  //  Комсомоли  Тоҷикистон. – 1961. – 9 апрел.
Шералӣ, М. Чашмаҳо; Бештар  аён  гардад:  Шеърҳо  //  Тоҷикистон. – 1961. – № 4. – С. 11.
Шералӣ, М. Сарбанд: Шеър // Маориф  ва  маданият. – 1963. – 23 март.
Шералӣ, М. Ман  гули  норастаро  бў  мекунам  // Маориф  ва  маданият. – 1963. – 23 март.
Шералӣ, М. Роҳи  ман: Шеър  // Маориф  ва  маданият. – 1963. – 28 апрел.
Шералӣ, М. Мабодо имтиҳон  бошад;  Умед мекунам; Гила: Шеърҳо    // Комсомоли Тоҷикистон. – 1963. – 10 июл.
Шералӣ, М. Замин  ва  осмон: Силсилаи  шеърҳо // Маориф  ва  маданият. – 1964. – 4 июн.
Шералӣ, М.  Дар  меҳмонхона: Шеър  //  Комсомоли  Тоҷикистон. – 1964. – 28 август.
Шералӣ, М. Субҳи  бебадал: Шеър  // Комсомоли  Тоҷикистон. – 1964. – 23 август.
Шералӣ, М. Нахли  урён: Шеър // Комсомоли  Тоҷикистон. – 1965. – 24 январ.
Шералӣ, М. Қатраи  мо  баҳр  меорад  кунун: Шеър  //  Маориф  ва  маданият. – 1965. – 30 январ.
Шералӣ, М. Рўбоиёт // Маориф  ва  маданият. – 1965. – 2 феврал.
Шералӣ, М. Андешаҳо: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1966. – 14 июн.
Шералӣ, М. Дар  меҳмонхона; Суруди  шавқ: Шеърҳо  // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1966. – 16 октябр.
Шералӣ,М. Дубайтиҳо // Зарафшон. – 1969. – 13 декабр.
Шералӣ, М. Зи  паси  панҷараи  хонаи  ту…: Шеър // Садои  шарқ. – 1970–.  № 3. – С. 88.
Шералӣ, М. Дасти  Доҳӣ: Шеър // Садои  Шарқ. – 1970. – № 4. – С. 106.
Шералӣ, М. Суруде  хоҳаму  шеъре : Шеър //  Маориф  ва  маданият. – 1971. – 11 май.
Шералӣ, М. Қиссаи  хешро  давом  кунад: Шеър // Маориф  ва  маданият. – 1971. – 28 октябр.
Шералӣ, М. Ватан; Давлати  ноёфт:  Шеърҳо  // Тоҷикистони  советӣ. – 1973. – 19 сентябр.
Шералӣ, Мастон. Тамсил;  Мурғ  бар  сари  тўдаи  хоки  сари  роҳе: Шеърҳо // Хорпуштак. – 1974. – № 8. – С.6.
Шералӣ, М. Агрегатҳо: Шеър // Шасти  инқилоб. – Душанбе, 1977. – С. 94-95.
Шералӣ, М. Барфу  борон  чӣ  мекунад  бо  мард? : Шеър  // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 2 ноябр.
Шералӣ, М. Қарз; Дубайтиҳо: Шеърҳо  // Занони  Тоҷикистон. – 1982. – № 7. – С. 15.
Шералӣ, М. Духтари кўҳсор; Зарафшон;  Ду  ғазал: Шеърҳо  // Адабиёт  ва санъат. – 1985. – 18 апрел.
Шералӣ, М. Деҳқон, Аҳсан: Шеърҳо // Адабиёт  ва  санъат. – 1985. – 5 ноябр.
Шералӣ, М. Дунёи  нашъамандӣ: Шеър  // Ҷумҳурият. – 2001. – 14 июл.
Шералӣ, М.  Аз  лутфи  адибон: Ҳикояҳо  // Адабиёт  ва  санъат. – 2011. – 2 июн.
Шералӣ. М. Сози  наврўз: Шеър  // Нақлиёт. – 2014. – 2 апрел.
Шералӣ, М. Ватан; Душанбе: Шеърҳо // Ҷумхурият. – 2014. – 8 август.

                              Адабиёт дар бораи М.Шералӣ
Ҳайдаршо, М. Мастон Шералӣ: Шеър  ба  муносибати  50 солагии  зодрўзаш  // Хорпуштак. – 1985. – № 8. – С. 6.
Қосим, Н. Ёди  Мастон: Шеър  // Адабиёт  ва санъат. – 1989. – 19 январ. – С.7.
Мастон Шералӣ //  Адибони  Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2003. – С. 682-683.
Имомбердиев, Р. Муборак, дўстон, милоди  Мастон: Ёди  шоир                // Омузгор. – 2015. – 12 июн.
Мусо, Ш.  Достони  Роғун: Қисса  // Садои  шарқ. – 2015. –  № 9. – С. 47- 81.
Бурҳон, Қ. Зарафшон  буд  пойандоз: Шеър  эҳдо  ба  шоир  Мастон  Шералӣ  // Тоҷикистон. – 2015. – 28 май.
Гулназар, К. Мақолаи  ваъдагӣ: Бахшида  ба 80 -  солагии  шоир  Мастон  Шералӣ  // Адабиёт  ва  санъат. – 2015. – 16 апрел.
Наҷмиддинов, М. Шеъре, ки  нахезад  аз  дили  гарм:  Маълумоти  мухтасар  аз  эҷодиёти  шоир  Мастон Шералӣ  // Омўзгор. – 2016. – 28 октябр.

Рубоиҳо аз Мастон Шералӣ

Ҳарчанд, ки роз гуфтанам нохуб аст,
Сар дар бари ту ниҳоданам матлуб аст.
Дар ҳукми дарахти тоқаам, худ донӣ,
Дур аз бари ҷӯй ҳар дарахте чӯб аст.

Дар миллати Бӯалӣ талош афтодаст,
Ҳар қавм чу пашшагон ба ош афтодаст.
Тоҷик, ки бори хоки худ медонад,
Аз нав ба замин ба фикри пош афтодаст.

Э кош суруди бардавоме бошам,
Доим ба забони хосу оме бошам.
Як умр зи бахт агар паёмам надиҳанд,
Аз бахт ба мардумон паёме бошам.

Мастию аластӣ гоҳ-гаҳ бояд кард,
Дар гардиши чарх кори маҳ бояд кард.
Яъне чу баланд меравӣ аз бода,
Баргашта ба хокдон нигаҳ бояд кард.

Эй рӯди Душанбе, эй суруди дили ман,
Эй чатри кабуд дар сари манзили ман.
Он рӯз, ки дур аз барат хок шавам,
Бо ёди ту сарв қад кашад аз гили ман.

Дубайтиҳо  

Дар ин гулшан, ки номаш зиндагонист,
Агар як ғунчаи накшода бинам.
Талоши булбулони нағмазанро
Ба ҳангоми баҳорон сода бинам!

Баҳор омад, бишуд як соли умрам,
Паре рангин фитод аз боли умрам.
Дареғо заррабин чашмам набинад,
Ки сайёдест аз думболи умрам!

Таманно доштам бо навниҳоле
Фалак аз ман рабудаш бо шамоле.
Диламро, оразамро, дидаамро,
Ғаме доду наме доду хаёле.

Бирав, э дил, ба назди дилбари ман,
Саломе гӯй аз чашми тари ман.
Расонаш то даме сӯям набинад,
Натобад ҳеч гоҳе ахтари ман.

Хаёли мо наояд норасида,
Ниҳоли мо ба гардун саркашида.
Замину осмон ду мисраи мост,
Замини шеъри мо шудгордида.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ