Сайидумар Султонов: олим ва пажӯҳишгари равшанзамир. Дар бораи ӯ чӣ медонем?
Нашр шуд 2020-12-18 14:27
Сайидумар Султонов дар деҳаи Қалъачаи Калони ноҳияи Ўротеппа (ҳозира Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Вай соли 1947 мактаби миёнаи нопурраи деҳаи Нилўи ноҳияи Ҳисорро хатм намуда соли 1952 омўзишгоҳи шаҳри Ўротеппаро ба итмом расонидааст. Ҳамзамон солҳои 1948-1952 муаллими синфҳои ибтидоии мактаби зодгоҳаш буд.
Сайидумар Султонов соли 1952 ба факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1959 хатм менамояд ва бо роҳхат ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶШС Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ ба кор пазируфта мешавад. Мавсуф соли 1964 корманди Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони назди Шўрои Вазирони Тоҷикистон буда, солҳои 1968-1979 масъулияти махсуси радиостансияи «Родина»- радио ва телевизиони умумииттифоқ дар Тоҷикистонро ба ўҳда дошт.
Муҳаббат ба илму корҳои нисбатан ҷиддитари эҷодӣ Сайидумар Султоновро соли 1982 дубора ба АИ Тоҷикистон ва ин бор ба Институти шарқшиносӣ меорад. Ў то 25 майи соли 1991 ин дар ганҷинаи илм аз ходими хурди илмӣ ба камол расида, ба нафақа баромадааст. Бояд гуфт, ки ў дар Институти шарқшиносӣ бо навиштани рисола дар мавзўи «Нодими Ўротеппа ва муҳити адабии ў» таҳти раҳнамоии профессор Ш. Ҳусейнзода шурўъ намуда, соли 1986 онро дифоъ менамояд ва ба унвони илмии номзади илми филология шарафёб мегардад.
Сайидумар Султонов дар атрофи адабиёт ва фарҳанги бобаракати қарни XVI-XX форс тоҷик дар Мовароуннаҳр заҳамоти зиёде ба харҷ дода, мақолаҳои бисёр ва кутуби илмӣ – тадқиқотӣ навишта, дар матншиноси тоҷик низ ҳиссагузорӣ намудааст. Ў ҳануз соли 1962 «Мунтахабот»-и Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ (Кангуртӣ) –ро чоп намуда, бори аввал маълумотномаи мухтасари рўзгору осори шоирро ба чоп расонида буд.
Асарҳои дигараш «Гули худрў» (1985), «Таърихи доираи адабии Истаравшан дар нимаи дувуми асри XVII ва аввали асри XIX” (1998), «Нобиғаҳои Истаравшан ва достони Рустамбек” (1998), «Наҷҷори Истаравшанӣ» (2002), «Наҷди Муғ» (2002), «Султони мулки сухан» (2007) ва ғайра ба чоп расидаанд. Шеър ҳам мегуфт ва маҷмўаи сурудаҳояш бо номи «Ашъори садранг» соли 2001 нашр гардидааст.
Бо ташаббуси бевоситаи Сайидумар Султонов дар соли 1989 дар шаҳри Ўротеппа осорхонаи доираи адабии Истаравшан таъсис ёфт. Он беш аз 400 маводи дар тўли 50 сол гирдовардаи ўро, ки ҳама амволи шахсианду аз китобҳои қаламии нодир, осори таърихӣ ва фарҳангӣ иборат мебошанд, дар бар мегирад. Баъди аз пойтахт ба шаҳри Истаравшан қўч бастани вай дар назди осорхона Маркази илму фарҳанги доираи адабии Истаравшан таъсис дода шуд. Солҳои 1995-1996 чанде сарвари Колеҷи саноъеи нафисаи шаҳри Истаравшан низ будааст.
Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ.
Бозчоп аз Шарқшиносии тоҷик (1958–2008). – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2009. – С. 508-509.
Аз Саидумар Султонов ва дар бораи ӯ дар Китобхона миллӣ ин м атолибро ҳам хонда метавонед:
Ҳофизи Шерозӣ. – Душанбе,1961. – 16 с.
Нобиғаҳои Бунҷикас ва Достони Рустамбек. – Душанбе: Сурушан. – 1998. – 100 с.
Шуҷоати Мазбуд. – Истаравшан: Ўротеппа, 2000. – 84 с.
Ашъори садранг. – Душанбе: Сурушан, 2001. – 120 с.
Таърихи доираи Адабии Истаравшан дар нимаи дувуми асри XVIII ва аввали асри XIX. – Душанбе. – Сурушан, 2002. – 232 с.
Рўзгору осор ва девони нодими Истаравшанӣ. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2012. – 332 с.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.