Рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷиткистон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ҷушу хурӯш ҷараён дорад. Бо мақсади шафоф баргузор шудани озмун масъулони он барои волидон ва иштирокдорон дар ҳар як номинатсия мониторҳо гузоштаанд, ки рафти озмун пурра мустақиман пахш ва аз ҷониби тамошобинон назорат карда мешавад. То кунун ягон шикояте ворид нашудааст. Барои иштирокчиён ва аъзои ҳакамон дар бинои Китобхона ду вақт кофе
Диққати маро ин марди солманди асобадаст аз рӯзҳои аввали оғози озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба худ ҷалб карда буд. Маҷруҳ буд, бо ду асо ҳаракат мекард. Аввалҳо гумон мекардам кадоме аз фарзандон ва ё наберагонаш аз ҷумлаи довталабонанд ва ӯ раҳбаладӣ мекунад. Аммо баъдан ман ӯро ҳар рӯз мушоҳида мекардам ва билохира ҳисси кунҷковӣ ғолиб омад ва шинос шудам. Ӯ Аҷикулло Ҳусейнов ном дошта, бархилофи тасаввури ман раҳнамои касе дар озмун набуд, балки худ яке аз ин довталабон маҳсуб мешуд.
Зодаи деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара аст. 65 сол дорад, соҳиби 7 фарзанд аст: 6 духтару 1 писар. Ҳамаи онҳо
Муродҷон Бойсаризодаи 10-сола ширкаткунандаи озмун дар номинатсияи адибони ҷаҳон буд. Аз вилояти Суғд аст. 10 сол дорад ва дар мактаби №10 шаҳри Исфара таҳсил мекунад.
Муродҷон Бойсаризода аз ашъори шоирону нависандагони тоҷик, рус, қирғиз, фаронсавӣ, англис ва олмонӣ зиёд хондааст, шеърҳо азёд кардааст. Вай мегӯяд бештар аз ду ҳазор мисраъ