Аҷикулло Ҳусейнов: Духтаронро хононед, то дар зиндагӣ азоб накашанд!
Нашр шуд 2020-12-11 14:16
Диққати маро ин марди солманди асобадаст аз рӯзҳои аввали оғози озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба худ ҷалб карда буд. Маҷруҳ буд, бо ду асо ҳаракат мекард. Аввалҳо гумон мекардам кадоме аз фарзандон ва ё наберагонаш аз ҷумлаи довталабонанд ва ӯ раҳбаладӣ мекунад. Аммо баъдан ман ӯро ҳар рӯз мушоҳида мекардам ва билохира ҳисси кунҷковӣ ғолиб омад ва шинос шудам. Ӯ Аҷикулло Ҳусейнов ном дошта, бархилофи тасаввури ман раҳнамои касе дар озмун набуд, балки худ яке аз ин довталабон маҳсуб мешуд.
Зодаи деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара аст. 65 сол дорад, соҳиби 7 фарзанд аст: 6 духтару 1писар. Ҳамаи онҳо таҳсилкардаанд, ду фарзандаш дар айни замон донишҷӯянд, яке аз ҷигарбандонаш номзади илм.
Аҷикулло Ҳусейнов соли дуюм аст, ки дар озмун ширкат мекунад. Дирӯз навбати пурсиши ӯ буд. Вақте ҳакамон аз маҷрои достон ва қаҳрамонҳову фарҷоми онҳо суол карданд, посухҳои дуруст дод. Ҳолате ҳам буд, ки асарро хонда буду сужаи онро наметавонист ба ёд орад. Ва боз: баъзан ба пурсишҳои русӣ, хубу озода русӣ посух медод.
Баъди анҷоми пурсиш ба чанд суол ба ӯ муроҷиат кардам. Мегӯяд аз пеш ҳам мутолиаи адабиёти хориҷаро меписандид ва ҳоло ҳам ҳамвора асарҳои адибони ҷаҳонро мехонад.
- Шумо як китобро дар чанд рўз мехонед?
- Агар китоб 500-700 саҳифа бошад, дар як ҳафта мехонам. Вобаста аз китоб аст, китобе ҳаст, ки 800 саҳифа ва ҳуруфи хурд дорад. Ба ҳисоби миёна моҳе 4 китоб бояд хонд. Агар инсон дар як рўз як соат мутолиа кунад, дар як сол 35-40 китоб мешавад. Аммо гап дар мутолиа нест, гап дар он аст, ки аз китоб чӣ бардоште мекунед, дар хотири шумо чӣ мемонанд. Ин хеле муҳим аст.
- Имсол чанд китоб хондед?
- Зиёда аз 30 китоб. Чун аъзои китобхонаи миллӣ нестаму дар музофот зиндагӣ мекунам. Китобҳоеро, ки хондам, аз роҳҳои зеризаминӣ ва бозорҳо мехарам. Китобхона дорам, ки аз 1000 китоб иборат аст.
- Тафовути озмуни имсола аз озмуни соли гузашта дар чист?
- Тафовут аз замин то осмон аст. Соли гузашта бори аввал, ки буд, ҳама омехта буд, кўдакон, калонсолон. Имсол ба самтҳо ҷудо карданд, калонсолон алоҳида в абачаҳо алоҳида. Ин хуб аст. Ғайр аз ин низом ҳам фарқ мекунад. Камбудиҳои соли гузаштаро бартараф кардаанд. Порсол таҷрибаи аввал буд. Имсол низом дигар ва агар идома кунад, сол ба сол он ба шакл медарояд. Ҳис мекунам, ки талабгорони китоб зиёд шуданд ва як ҳадафи озмун низ ҳамин аст. Яъне, ба китобхонӣ қалб кардани миллат. Аммо дўконҳои китобфурушӣ хеле каманд.
- Сину сол дар китобхонӣ нақш дорад?
- Дорад. Масалан шумо, ки ҷавонед майнаи саратон хуб қабул мекунад ва дар хотиратон мемонад. Ман бо айнак мехонам. Вақте китоб мехонам, дигар чизеро ҳис намекунам. Танҳо қаҳрамонҳоро мебинам, мисли навори синамо. Бо онҳо зиндагӣ мекунам.
- Дар охир чӣ гуфтанӣ доред?
- Аз мардум илтимос дорам, ба хурофот дода нашаванду фарзандонашонро хононанд, бахусус духатронро. То дар зиндагӣ азоб накашанд.
Раҳима Аъзам,
шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.