Мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон

Cубҳи имрӯз Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом  Мирализода  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро   ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо ба омодагии худ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи китобу китобдорӣ таъкид намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Китобхонаи миллии Арабистони Саудӣ, Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Фонди Рушди Арабистони Саудӣ, Гӯшаи Арабистони Саудӣ дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ду ҷониб дар мавриди ташкил гурӯҳи корӣ аз ду ҷониб, сафари онҳо байни давлатҳои якдигар, ҳамчунин майли ҷавонон дар омӯзиши забонҳои ду кишвар, тарҷумаи китобҳо аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ изҳори назар намуданд.

 Инчунин, меҳмонон аз гӯшаҳои Арабистони Саудӣ ва Чин дидан намуданд.

Дар поёни мулоқот Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода ба ҷаноби Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ барои ташриф ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва сӯҳбати гарму созанда изҳори ташаккур намуд.

Фарзонаи МИРЗО