Дастхатҳои форсӣ дар Қазоқистон аз куҷо?
Нашр шуд 2016-11-03 17:03
Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимов аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан кард ва дар ҷараёни ошноӣ бо ин боргоҳи маърифат 42 номгӯй китоби ноширони Қазоқистонро туҳфа кард.
Дар суҳбат бо масъулини Китобхона дипломати қазоқ аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон муштаракоти зиёди фарҳангӣ доранд ва дар гузашта иртибот миёни адибони ду кишвар хеле қавӣ буд. Баргузории рӯзҳои ададбиёти ду кишвар дар Душанбе ва Олмотӣ аз воқеъоти хурсандибахши фарҳангӣ дониста мешуд.
Ҷонишини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Саидҷаъфар Сафаров зимни изҳори ташаккур аз Қазоқистон барои эҳдои китобҳои пурарзиши ноширони қазоқ дар бораи риштаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазиқистон ҳарф зад ва гуфт ду кишвар дар тӯли солҳои истиқлолият дар риштаҳои гуногун ҳамкорӣ доштанд ва аз ҷумлаи шарикони стратегӣ дониста мешаванд.
Олими тоҷик доктор Сафар Абдуллоҳ, ки солҳост дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад, мегӯяд дар забони қазоқӣ беш аз се ҳазор вожаи муштарак бо забони моро гирдоварӣ кардааст, ки ният дорад онро чоп кунад. Гузашта аз ин, садҳо номи эронӣ (тоҷикӣ) дар миёни қазоқҳо роиҷ аст.Ҷолиб ин аст, ки бархе аз номҳо номҳои то исломӣ ва дерина ҳастан. Амсоли Рустам, Инфандиёр, Бежан, Равшан (дар сурати Рустем, Аспандияр, Бижан!) ва ғайра. Танҳо бо таркиби Гул беш аз сад номи занона дар Қазоқистон роиҷ аст! Аз Гулноз, Гулбаҳром, Гулбадан, Гулбону, Гулдона, то Гулғунча, Гулфирӯз, Гулҷону Гулнор ва ғайра…
Ва ё бо таркиби вожаи "хона" даҳҳо вожа дар забони қазоқӣ сохта шуда аст. Яъне, ҳамаи ин гувоҳ аст, ки мо аз дер боз бо бародарону хоҳарони қазоқӣ доду ситад доштаем.
Ин донишманди тоҷик ҳамчунин мегӯяд дар Қазоқистон теъдоди зиёди дастхатҳои форсӣ маҳфузанд, ки баъзеи онҳо хеле қадимианд. Аз ҷумла, яке дастнависи бисёр муҳимми "Туҳфат ул Аҳрор"-и Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Пас, аз бозҷӯйии нусхаҳои мавҷуд, мо ба ин натиҷа расидем, ки ин китоб қадимитарин нусхаи маҳфуз дар ҷаҳон аст. Муҳақиқони осори Ҷомӣ, аз ҷумла Аълохон Афсаҳзод ва Ҳусайни Тарбият, ки умри худро ба мутолиъаи осори ин шоир ва орифи бузурги мо бахшидаанд ва тақрибан ҳама нусхаҳои мавҷуди ҷаҳонро дидаанд, аз вуҷуди чунин нусхае огаҳӣ надоштаанд. Ин амр табиист, зеро феҳрист нашуда буд.
“Дар ҳоле ки нусхаи мазкур дар рӯзгори муаллиф ва шояд бо супориши худи ӯ дар шаҳри бостонии Балх 23 сол пеш аз марги Ҷомӣ китобат шуда аст! Дасти рӯзгор ин нусхаро ба Қазоқистон оварда ва чи асроре дар он ниҳон аст,ки ин дастнавишт зери ҷилди "Нисоб ус- Сибён"-и Форуқӣ ҳифз шавад ва пас аз солҳо як тоҷик онро дар китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон биёбад. Ҷолиб он буд, ки дар ин китобхона боз ду нусха аз қадимитарин нусхаҳои китоби дигари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ "Нафаҳот ул Унс" мавҷуд аст, ки яке аз онҳо дар соли 883 ҳиҷрӣ, яъне 15 сол пеш аз марги Ҷомӣ китобат шуда аст. Дар бораи мавҷудияти ин нусха низ муҳаққиқон иттилоъе надоштанд”,-мегӯяд Сафар Абдуллоҳ.