Боздиди ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Нашр шуд 2018-08-28 15:19
Нимаи дуюми рузи 25 августи соли равон гурӯҳи меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон аз қабили Генерал майори мустаъфӣ – Саид Холил Амир Ҷаъфарӣ- Президенти Маркази омузиши глобалӣ ва стратегӣ (МОГС), Ҷаноби Ашфақ Аҳмад Гондал собиқ – Котиби федерали оид ба иттилоот ва Аъзои калони Раёсати мушовараи МОГС, ҷаноби Ғулом Акбар – Сармуҳаррири рузномаи “Daily Herald Tribune” Аъзои калони Раёсати мушовараи МОГС ва Подполковники мустаъфӣ – Холид Таймур Акрам – Директори иҷроияи МОГС ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро дар саҳни Китобхона роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва гулдухтарон бо либосҳои миллӣ пешвоз гирифтанд.
Сараввал, меҳмонон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, дидан намуданд. Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шариф аст, ки таърихи панҷ ҳазор солаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир ин мусаввараро муддати 20 соли фаъолияташ тасвир намуда, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намудааст, ки он яке аз рамзи ифтихории Китобхона маҳсуб меёбад.
Пас, он меҳмонон аз осорхонаи китоб, ки дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, дидан намуданд. Дар осорхонаи китоб зиёда аз 100 нусха дастхатҳои нодир, ки қадимтарини онҳо ба асрҳои 13 -14 маҳсуб меёбад, нигаҳдорӣ мешаванд. Ин дастхатҳои нодир “Таърихи табарӣ”-и Абуҷафъар Муҳаммад ат –Табарӣ, “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Девон”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра мебошанд.
Баъдан, меҳмонон аз толори китобҳои тозанашри даврони истиқлолият дидан намуданд. Дар толори китобҳои тозанашр зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст.
Баъдан мулоқоти онҳо бо Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода сурат гирифт.
Дар рафти мулоқот меҳмонони покистонӣ минатдории худро ҷиҳати дар сатҳи баланд қабул намудани онҳо қайд намуданд. Тавре қайд гардид, барои боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаи китобдорӣ кушишу талошҳои худро дареғ намедоранд.
Дар навбати худ Директори Китобхонаи миллӣ Абдусалом Мирализода барои ташрифи меҳмонон ба Китобхонаи миллӣ ва ҳамзамон барои дастгирӣ дар мубодилаи китобу китобдорӣ ва ворид намудани китобҳо аз китобхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаҳои гуногун минатдории худро изҳор намуданд.
Ба меҳмонони покистонӣ шиносої бо Китобхонаи миллӣ таассуроти нек гузошт.
Омодасоз: Фарзонаи МИРЗО