Дар таърихи мо чизҳое ҳастанд, ки барои хубтар шинохтани ҳамдигарамон мадад мекунанд. Масалан, вақтҳои охир дар бораи дар гузашта чӣ ном доштани забони тоҷикӣ баҳсҳое ба миён меоянд, ва баъзеҳо ақида доранд, ки ин забон дар он замон ба номи тоҷикӣ ёд намешуд, ҳол он ки агар ба яке аз китобҳои дар асри Х1 дар бораи ахлоқ навиштаи Юсуфи Баласоғунии турк «Кудатғу билиг» муроҷиат кунанд, мебинанд, ки ӯ навиштааст: китобҳои ба ин монанд дар забонҳои