Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона...

Дар таърихи мо чизҳое ҳастанд, ки барои хубтар шинохтани ҳамдигарамон мадад мекунанд. Масалан, вақтҳои охир дар бораи дар гузашта чӣ ном доштани забони тоҷикӣ баҳсҳое ба миён меоянд, ва баъзеҳо ақида доранд, ки ин забон дар он замон ба номи тоҷикӣ ёд намешуд, ҳол он ки агар ба яке аз китобҳои дар асри Х1 дар бораи ахлоқ навиштаи Юсуфи Баласоғунии турк «Кудатғу билиг» муроҷиат кунанд, мебинанд, ки ӯ навиштааст: китобҳои ба ин монанд дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ зиёданд, вале ин китоб дар туркӣ ягона ва аз ҳама беҳтарин аст. Пас, агар дар асри Х1 адиби турк дар бораи ба забони тоҷикӣ мавҷуд будани асарҳо сухан ронад, чаро мо дар асри бисту як ин забонро бо номи худаш забони тоҷикӣ ном набарем. Ба ғайр аз ин, ҳамаи донишмандон бар ин ақидаанд, ки ин забон дар Хуросони бузург пайдо шуда, шакл гирифтааст, яъне дар маҳалле, ки тоҷикон зиндагӣ доштанд, ва баъд ба марзҳои дигар интишор ёфтааст.

Мир Алишери Навоӣ дар  байти зерин  ягонагии ин ду халқи бародар – тоҷику ӯзбекро бо беҳтарин ваҷҳ баён намудааст:

Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона,
Ба он чашмони тоҷиконаву мижгони туркона.

Шоир дар ин ду мисраъ дар ҳайати як нафар – нигор, ки метавонад маҳбуб ва ё маҳбуба бошад, аъзои ҷисми ду халқро нишон додааст. Агар чашмони ин маҳбуб тоҷикона бошад, мижгонаш туркона аст, яъне дар як пайкар ду нафар ҳастанд, ки аз азал бо ҳам ягона офарида шудаанд, дар ин ҷо сухан аз пайванд намеравад, сухан аз ягонагии ҷисмиву ҷонист. Ва дар мисраи якум таъбири «кунад сад хона вайрона» ҳаргиз ба маънои харобкорӣ нест, балки ба он маъност, ки вақте мо ба маҳбубе ва ё маҳбубае дил медиҳем, ба дараҷаи улвияти инсонии худ мерасем, зеро мақсуд аз  офариниш ва ҳастии одам интишори ишқу муҳаббат аст дар рӯи замин. Ва хонае, ки ишқ надорад, вайрона аст, ҳамин ки дар инсон ишқ пайдо мешавад, хонаи дили ӯ ба ободӣ мерасад, ин таъбир дар зимн ин гуна маъно дорад.

Ин байт ҳарчанд бо хаёлот ва сувари бадеӣ офарида шудааст, аммо маҳсули таҷрибаи зиндагии худи Мир Алишери Навоист, маҳсули ягонагии зиндагии маънавии ӯ бо устодаш Мавлоно Абдураҳмони Ҷомист, ки ҳамчун ду ҷисм дар як пайкар зистаанд. Ман китоби дигареро ҳамчун «Хамсат-ул-мутаҳайирин»- Мир Алишери Навоӣ суроғ надорам, ки дар бораи як инсон, дар айни ҳол, Абдураҳмони Ҷомӣ, бо ин ин қадар муҳаббату самимият, эҳтирому ифтихор ва қадрдониву гиромидошт эҷод шуда бошад, ин асар дар зоти худ дар адабиёти башарӣ бесобиқаву беназир аст. Пас дӯстии ин ду халқ ҳам, ки ин ду нафар фарзандони онҳо буданд, низ азаливу бемонанд аст.

Ҳоло, биёед, ба сарчашмаи ин ягонагӣ меандешем, чӣ чиз аст, ки ба мо ин гуна ягонагӣ мебахшад. Мо аз як дарёҳо об мехӯрем, дар домани як кӯҳҳо зиндагӣ мекунем, дар оғӯши як табиат ба боландагӣ мерасем, яъне моро обу хоку ҳавои ягона сириштан месозад. Ин сиришти ягона ба ягонагии моддиву маънавӣ мерасонад, ки маҳсулаш  ҳамфарҳангии мост. Мо на танҳо дар фарҳанги маънавӣ, ба мисли расму одат, дину оин, мусиқӣ, рақсу бозӣ, балки дар фарҳанги моддӣ ҳам – анвои либос, хӯрок, хонаву дар, асбобу анҷоми рӯзгор ҳам дар бисёр маврид ба ҳам ягона ҳастем. Ҳамин тариқ, барои мо мусиқии ҷаҳоншумули «Шашмақом», ҷашни ҷаҳонии «Наврӯз», оши палаву қурутоб, атласу адрасу беқасаб, тоқиву миёнбанд ва монанди инҳо як олам чизҳои дигар муштараканд. Дар ин ҳолат муҳимтар он аст, ки кадоме аз ин чизҳо аз тарафи кадоме аз ин халқҳо эҷод шуда бошад, ба фарҳанги халқи дигар дохил шуда, моли ҳар ду шудааст ва барои ягонагии ин халқҳо хидмат кардааст, зеро «бани одам аъзои яклигаранд».

Чун сухан аз мероси муштарак, масалан, «Шашмақом» рафт, мавридаш аст, ки аз устодони иҷрокунандаи он, ки намояндагони ҳар дуи ин халқ ҳастанд, ба сипосу ифтихор ёд оварда шавад. Ҳофизи тоҷик  Маъруфхоҷа Баҳодуров, ки яке аз устодони бесобиқаи «Шашмақом» маҳсуб мешуданду онро ба ҳар ду забон мехонданд, аввал ба гирифтани унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, баъдан ба гирифтани унвони Ҳофизи халқии Ӯзбекистон мушарраф шудаанд, ки шашмақомсароёни машҳури ӯзбек, аз ҷумла Маъмурҷон Узоқов, Фахриддин Умаров, Комилҷон Отаниёзов ва дигарон ҳам ба эҳтироми тамом устодашон мехонданд. Ё имрӯз, гирем, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев ва Мастона Эргашеваро, ки бо ҳар ду забон ба дараҷаи олӣ сурудҳои «Шашмақом»-ро мехонанду ҳамчун устодони асили он шуҳрат ёфтаанд ва дар байни мардуми ӯзбек ҳам маҳбубияти тамом доранд. Мо, тоҷикон ҳам, дар баробари онон аз ҳунари шашмақомхонии ҳофизони шуҳратёри ӯзбек Шералӣ Ҷӯраев, Муноҷот Юлчиева як ҷаҳон лаззат мебарем ва онҳоро дар баробари ҳофизони азизи худ дӯст медорем. Ин суннат дар гузашта ҳам буду имрӯз ҳам давом дорад.

Дар таърихи мо чизҳое ҳастанд, ки барои хубтар шинохтани ҳамдигарамон мадад мекунанд. Масалан, вақтҳои охир дар бораи дар гузашта чӣ ном доштани забони тоҷикӣ баҳсҳое ба миён меоянд, ва баъзеҳо ақида доранд, ки ин забон дар он замон ба номи тоҷикӣ ёд намешуд, ҳол он ки агар ба яке аз китобҳои дар асри Х1 дар бораи ахлоқ навиштаи Юсуфи Баласоғунии турк «Кудатғу билиг» муроҷиат кунанд, мебинанд, ки ӯ навиштааст: китобҳои ба ин монанд дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ зиёданд, вале ин китоб дар туркӣ ягона ва аз ҳама беҳтарин аст. Пас, агар дар асри Х1 адиби турк дар бораи ба забони тоҷикӣ мавҷуд будани асарҳо сухан ронад, чаро мо дар асри бисту як ин забонро бо номи худаш забони тоҷикӣ ном набарем. Ба ғайр аз ин, ҳамаи донишмандон бар ин ақидаанд, ки ин забон дар Хуросони бузург пайдо шуда, шакл гирифтааст, яъне дар маҳалле, ки тоҷикон зиндагӣ доштанд, ва баъд ба марзҳои дигар интишор ёфтааст. Ҳар халқи забонсоз номи забонашро ба номи худаш мегузорад, ҳамчунон ки дар мавриди забони тоҷикӣ ҳам бе ҳеҷ шакку шубҳа ҳамин тавр аст, ва ин забон ҳангоми паҳн шуданаш ба марзҳои тоза номҳои дигар гирифтааст. Ин фикр дар гуфтаи Юсуфи Баласоғунӣ ҳам тасдиқ мешавад, ки моро боз як бори дигар ба худамон мешиносонад.

Ҳоло биёем аз асри Х1 ба асри ХХ ва ба мероси муштараки фарҳангии халқҳоямон – тоҷикону ӯзбекон назар андозем. Устод Садриддин Айнӣ яке аз сардафтарони адабиёти муосири ҳар ду халқ маҳсуб мешавад, ӯ хеле аз асарҳои худро ба ду забон – тоҷикиву ӯзбекӣ навиштааст, ҳатто романи калонтарини худ «Ғуломон»-ро ҳам, ки нусхаи ӯзбекии он соли 1934 ва тоҷикиаш соли 1935 аз чоп баромадааст. Яке аз асосгузорони дигари адабиёти муосири ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ тоҷик мебошад, ки аҷдодаш аз Рашти тоҷикон буда, ба Хӯқанд рафта муқим шудаанд. Асарҳои ӯ чӣ қадаре, ки маҳбуби ӯзбекон бошанд, ҳамон қадар дӯстдоштаи тоҷикон ҳам ҳастанд, мисолаш солҳои сол дар саҳнаҳои театри тоҷик намоиш дода шудани намоишномаҳои «Бой ва хизматгор» ва «Найрангҳои Майсара»-и ӯ мебошад. Ҳамин гуна маҳбубиятро дар байни тамошобинони тоҷик асарҳои адибони дигари ӯзбек, аз ҷумла Саид Аҳмад ҳам дошт, намоишномаи «Интихоби домод»-и ӯ солҳои сол дар саҳнаи театри тоҷик намоиш дода мешуд.

Агар дар бораи иртиботи адабии халқҳоямон сухан ба миён оварем ва аз тарҷумаи асарҳои адибони ҳамдигар ҳарф занем, номҳои бисёреро бояд ба қалам биёрем, ки шояд дар маҷоли ин мақола нагунҷад, зеро аз асарҳои Мир Алишери Навоӣ сар карда, то адибони муосир, аз ҷумла асарҳои Абдулло Қаҳҳору Ҳамид Олимҷон, Ойбеку Ғафур Ғулом, Зулфияву Шароф Рашидов, Одил Ёқубову Асқад Мухтор, Эркин Воҳидову Абдулло Орифов ва бисёр-бисёри дигарон ба тоҷикӣ тарҷума шудаву маҳбуби хонандагони тоҷик гаштаанд. Ман ёд дорам, ки ҳангоми ҷавониям, ошиқи асари Шароф Рашидов «Таронаҳои найшакар» будам, ки устод Мирзо Турсунзода тарҷума карда буданду онро ровии соҳибистеъдоду хушовозамон Абдуқодир Маниёзов аз тариқи барномаҳои радио мехонданд. Романи «Каждум аз меҳроб»-и Абдулло Қодирӣ аз китобҳои маҳбубам буд.

Дӯстии адибони мо Раҳим Ҷалилу Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзодаву Ҳамид Олимҷону Зулфия, Лоиқ Шераливу Абдулло Орифов ва дигарон як достони алоҳида аст. Адибони тоҷику ӯзбек бо ҳам на фақат пайванди дӯстӣ доранд, алоқаи хешу таборӣ ҳам доранд, масалан, ҳамсари нависандаи маъруфи ӯзбек Абдулло Қаҳҳор, муаллифи романи машҳури «Синчалак», ки ба тоҷикӣ ҳам тарҷума шудааст, Кибриё-ойтӣ, адибаи тоҷик, тарҷумони хушзавқу боистеъдоде буданд. Ман дар Тошанд дар хонаашон меҳмон гашта, аз суҳбатҳои пурмуҳтавову дилнишинашон баҳраҳо бурдаам. Ҳоло ки номи Мирзо Турсунзодаву Ҳамид Олимҷону Зулфия ба миён омад, бояд гуфт, ки шеъри машҳур ва хеле дилписанди устод Мирзо Турсунзода «Марҳабо», ки бо чунин мисраъҳо оғоз мешавад:

Духтари ӯзбек моро гӯш кун,

Дигаронро андаке хомӯш кун.

Гӯш кун, гапҳои мо беҳуда нест,

Ин садоҳои дили осуда нест.

Шавқи ту моро ба илҳон оварад,

Рӯ ба сӯи Ӯзбекистон оварад.

 

ба Зулфия бахшида шудааст, ки дар давоми ин мисраъҳо устод Турсунзода бо як эҳтирому ифтихори хос аз истеъдод ва хислатҳои наҷиби шоира Зулфия, ки таҷассуми занони озоди Ӯзбекистони навин буд, сухан мегӯянд. Устод Мирзо Турсунзода Раиси Кумитаи якдилии кишварҳои Осиёву Африқо ва Зулфия узви ин созмони бонуфуз буданд, ки дар сафарҳои якҷоя ба кишварҳои ин ду қитъа сулҳу ҳамзистии осоиштаро ташвиқу тарғиб  менамуданд ва ин шеър ҳам бардоште аз он сафарҳо дорад.

Чун ҳоло сухан аз шеъру шоирон аст, мавридаш аст, ки аз шеъри устод Боқӣ Раҳимзода ёдовар шавем, ки дар ҷавониҳояшон чанде дар яке аз заводҳои пахтаи Ӯзбекистон борбардор шуда кор кардаанд. Устод дар як қитъа шеърашон чунин мегӯянд, ки маҳсули таҷрибаи зиндагиашон аст:

Фарқи ҳама мардумони дигар осон,

Аммо шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик,

Бинанда чунин суол орад ба миён,

К-эй ҷӯра, бигӯ, ту ӯзбекӣ, ё тоҷик?

 

Ман худ ҳам чанд бор ин наздикии ҳамдигариамонро бевосита эҳсос кардаам. Солҳои Ҳукумати Шӯравӣ сармуҳаррири маҷаллаи умумишӯравии «Дружба народов» («Дӯстии халқҳо») Сергей Баруздин, шоиру нависандаи машҳури рус, ки солҳои сохтмони Истгоҳи барқии Норак дар он ҷо китобхона бино ва таъсис карда, аз адибони тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо дастнависашон китоб ҷамъ оварда буд, дар Тошканд маҷлиси якҷояи адибони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистонро баргузор кард. Шоми охири рӯзи ҷаласа дар толори консертии Тошканд маҳфили шеър барпо шуд, ки дар он шоирони маъруфи ин кишварҳо шеърхонӣ мекарданд. Чун навбат ба ман расид, ман ба тоҷикӣ шеър хондам ва ғайри чашмдоштам маро ба пазироии гарму ҷӯшони пурқарсаке таҳсин карданд. Ба ҷоям омада нишастам, ки шоираи бисёр ҳам боистеъдоди қазоқ, Фариза Унгарсинова, ки дар паҳлуям менишаст, ба ман чунин гуфт: аз рӯи фаҳмиши ман забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад, ки аз туркӣ ба тамом дигар аст, аммо чаро дар ин ҷо ҳоло ин толор аз ҳама бештар ба Абдулло Орифов, ки шоири маҳбуби худи ӯзбекҳо мебошад, ва албатта ӯро ба хубӣ мефаҳманд, ва ба ту, ки ба тоҷикӣ шеър хондӣ, ва инҳо бояд нафаҳманд, аз ҳама бештар қарс заданд? Ман ба ҷавоби ин суол тайёр набудам, аммо аз рӯи тахмин чунин ҷавоб додам. Гуфтам, Тошканд шаҳри қадима аст, аз рӯи анъана зиёиёни он аксар забони тоҷикӣ-форсиро медонистанду медонанд, сониян, мардуми тоҷику ӯзбек дар бисёр ноҳияву шаҳрҳои ҳар дуи ин кишвар бо ҳам омехта зиндагӣ мекунанду забони ҳамдигарро мефаҳманд, се дигар, шояд сабаби ин  мавзунии шеъри тоҷикӣ бошад, ки бо вазни арӯз эҷод мешавад ва  ба гӯш ҳамчун суруду мусиқӣ форам мерасад.

Бори дигар, ҳангоми таъсиси Созмони байналмилалии «Форуми фарҳанги халқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ», ки дар Тошканд мегузашт, баъди таъсиси он дар яке аз толорҳои бисёр бузург маҳфили адабӣ баргузор шуд. Аз Тоҷикистон ҳам, бо супориши Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба иштирокчиён як тайёраи махсус ҷудо карда шуда буд, зери сарварии устод Муҳаммад Осимӣ як ҳайати калони баландмартабае рафта, дар кори Созмон иштирок карда, ҳоло дар толор ҳам ҳузур дошт. Маҳфили адабиро раиси навинтихобшудаи Созмон, нависандаи ҷаҳоншумул устод Чингиз Айтматов сарварӣ мекард. Ман дар раёсати маҳфил менишастам. Як вақт Чингиз Айтматов як хатчаро, ки аз толор ба дасташ расида буд, ба овози баланд хонд: Аҳли ҳайати Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки ба шоири тоҷик Аскар Ҳаким сухан дода шавад ва ӯ ба тоҷикӣ шеър хонад. Академик Раҳим Масов. Устод Айтматов ба ман рӯ оварду гуфт, хуб, марҳамат, хоҳишро иҷро кун, навбат ба ту. Ин барои ман ғайричашмдошт буд, аммо ман, ки баъзе шеърҳоямро дар ҳифз дорам, ба минбар омада, сухани мухтасаре гуфтам ва шеъри «Баргпайванд»-амро хондам, ки аз ҷониби аҳли толор боз  ҳамон гуна гарму ҷӯшон пазируфта шуд. Яъне дар ин ҷо ҳам ӯзбекон ҳарфи маро мефаҳмиданд.

Ман ҳам борҳо маҳфилҳои шоиру нависандагони ӯзбекро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешуд, роҳбарӣ карда, дидаам, ки чӣ гуна дар ин ҷо онҳоро ҳам мардуми тоҷик бо самимияти хосаи пурмуҳаббат пазиро мешуданд. Суҳбату шеърхониҳои Абдулло Орифов, Эркин Воҳидов, Нормурод Нарзуллоев, Гулчеҳра Иброҳимова ва дигарон    дар онҳо як ҷаҳон таассуроти фаромӯшношуданӣ боқӣ мегузошт ва бо қарсакзаниҳои бардавом таҳсин карда мешуд.

Дар бораи робитаҳои фарҳангиву адабии мову ӯзбекон рисолаву мақолаҳои бисёре навишта шудаанд, ки ман дар ин ҷо, ҳамин тариқ, ба тарзи хулоса аз онҳо ёд меовараму бас, зеро он мавзӯи алоҳидаи фарохдоман аст. Аммо ҳамин қадар мегӯям, ки аз шоиру нависандагони  муосири тоҷик кам касеро пайдо метавон кард, ки аз эҷодиёти ҳамқаламони ӯзбекаш ба тоҷикӣ асар тарҷума накарда бошад, ҳар касе ба қадри тавонаш кореро ба анҷом расонидааст, аз ҷумла банда ҳам аз эҷодиёти шоири машҳури ӯзбек Муҳаммад Алӣ чанд шеър тарҷума кардаам ва дар вақташ меҳмонаш ҳам будааму аз ӯ ҷомаву миёнбанду тоқии ӯзбекӣ-тоҷикӣ ҳам пӯшидаам. Ҳоло яктои он шеърҳоро ҳамчун ҳусни хотима, ҷоиз медонам, ки дар ин ҷо биоварам.

Гуфта будаст як замон Хайём,

Ин чӣ дунёи бебақо бошад.

 

Баъди мурдан шавем хок тамом,

Пас нишоне зи мо куҷо бошад.

Гуфта будаст як замон Хайём.

Аҷаб ояд зи кори ин дунё!

Карда Хайём ҳарфи хеш инкор,

Бошад имрўз, боз фардоҳо.

Бонишон, бобақову боосор!

Аҷаб ояд зи кори ин дунё…

Ва дар охир мегӯям, ки хонаи ҳар дуи ин халқ – тоҷику ӯзбек барои ҳамдигар хонаи ишқу ободист.

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон

Барчаспҳо: