Борбад дар таърихи мусиқии мардумони эронинажод баробари сароянда, навозанда, оҳангсоз ва шоири сурудсаро эътибори бузург доштан, инчунин ба сифати мусиқидони номвар дар тартибу танзим додани пояҳои назарии он хизмати нотакроре кардааст. Силсилаи «Хусравонӣ»-и ў аз анвои мусиқии устодона шаҳодат дода ва ин таснифоташ таҳаввулоти бузурги эҷодӣ ва иҷрокунандагиро асос гузошта, муҳимтаринаш он аст, ки ном ва тавсифи аксари таснифоташ дар осори илмӣ-адабӣ, таърихӣ ва мусиқӣ сурат гирифта, инчунин бетағир дар мусиқии мардумони эронинажод, ғайриэронӣ барҷо мондааст.
Борбад (тақрибан 585-89, Нисо, Марв 628-38 Тайсафун, Марв), сароянда,
Шуъбаи таблиғ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар аз 30 китобро дар мавзуъи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошт. Ин иқдом ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида мешавад, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст.
Хонандагон имкон доранд бо китобҳои дар ин