Намоиши китоб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Нашр шуд 2018-08-03 15:58
Шуъбаи таблиғ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар аз 30 китобро дар мавзуъи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошт. Ин иқдом ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида мешавад, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст.
Хонандагон имкон доранд бо китобҳои дар ин мавзуъ чопшуда дар солҳои мухталиф ошно шавад. Аз ҷумла, китобҳои; “Пешвои миллат- ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”, (Маводи конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ) Душанбе -2018, Давлати Даврон “Искандаркӯл”Душанбе -2002, Абдулазиз Маскаев “Сарез” Ганҷи нуҳуфта, Сайфулло Мурадов “Сарез: история, проблемы, перспктивы», Абдалимов А., Қодиров М.И. “Менеҷменти туризм”- Душанбе -2013, Пулатова И.Р., Тошматова М.Д. “Международный туризм” Хуҷанд -2015, “Масоили рушди туризм дар шаҳри Душанбе: Ҳолат ва дурнамо”, Душанбе- 2010, Муҳаммадрасули Раҷаби Иброҳимзода “Аз Ромит то ба Бухорою Дарвоз”- Душанбе- 2010, “Очерки истории и теории культуры таджикского народа” –Душанбе -2006, Сайфиддин Мирзоев “Суннатҳои маҳаллии мардуми Яғноб” - Душанбе -2007 ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд.
Фарзонаи МИРЗО