Муовини Вазири фарҳанги Узбекистон: Дӯстиву бародарии халқи ду мамлакат таърихи садсолаҳо дорад

10 майи соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов мулоқот анҷом дод.
Шамсиддин Орумбекзода Минҳоҷиддин Ҳоҷиматовро, ки роҳбари ҳайати расмӣ ва иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ба диёри хушманзари тоҷикон хайрамақдам гуфт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои минбаъдаи фарҳангӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои якҷоя дар ин соҳа ҳарф заданд.
Баъди анҷоми мулоқот ба ифтихори Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода намояндагони расонаҳои хабариро бо оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шобдош гуфта, меҳмононро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон муаррифӣ намуд.
Вай аз ҷумла гуфт:  «Боварам комил аст, ки ба шарофати талошҳои роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пешниҳодашон аз ҷониби Сарварони ҳарду давлат, ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ҷонибдории комил ёфт, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хотирмон сурат мегиранд ва дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба як падидаи нодиру гуворо мубаддал мегарданд».
Муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов низ ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, иброз дошт, ки муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз қаъри асрҳо ибтидо мегиранд.
Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов изщор дошт: «Ҳарчанд муносибатҳои дипломатии ду кишвар соли 1992 ба роҳ монда шуданд, дӯстиву бародарии халқи ду мамлакат таърихи садсолаҳо дорад. Исботи ин гуфтаҳо дӯстии ду намояндаи варзидаи адабиёт Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад».
Шамсиддин Орумбекзода ва Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов ба суолҳои бисёри рӯзноманигорон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо, ташкили барномаҳои консертии алоҳида бо иштироки ҳофизони номдори ду кишвар, барқарорсозии Рӯзҳои фарҳангу адабиёт ва ташкили мулоқоти шоирону рӯзноманигорони ду кишвар посух гуфтанд.

Барчаспҳо: