Рӯзи тозагӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2015-11-30 12:15
Имрӯз чун анъана дар Китобхонаи миллӣ рӯзи санитарӣ буд. Ба маънии дигар субҳи имрӯз дар китобхона аз талошҳои тозагӣ оғоз ёфт.
Ҳар касе агар имрӯз аз назди ин бинои назаррабо убур мекард, кормандонро саргарми тозакунии атроф меёфт. Ва ин акнун анъана аст, муддатҳост, ки бо фармони Директори Китобхона душанбеи охири ҳар моҳ рӯзи тозагиву санитарӣ баргузор мешавад.
Маъмулан тибқи ҷадвали корӣ рӯзҳои душанбе барои кормандони Китобхона рӯзҳои истироҳатист, вале душанбеи охири ҳар моҳ ҳамагон ба ҷойи кор ҳозир мешаванд ва утоқҳои кориву мизу курсиҳо ва атрофи Китобхонаро тозаву тамиз мекунанд. Зеро тоза нигоҳ доштани ин боргоҳи маърифат онро ҳамеша барои ҳар воридшавандааш дилкашу дилрабо мекунад.
Гарди китобҳоро дар рафҳои китобмонӣ ва каталогҳо тоза мекунанд. Толорҳои хонишро пурра аз назар мегузаронанд, мизу курсиҳоро аз чанг пок мекунанд, дару тирезаҳоро мешӯянд, бо латтаи хушк пок мекунанд, роҳравҳоро мерӯбанд...
Китобхонаи миллӣ фароғатгоҳи маърифатист, ки инсонҳо бо дарёфти ғизои маънавӣ ташнагӣ мешикананд, аз мутолиа ҷаҳон-ҷаҳон маъниву дониш мегиранд. Ва тозагӣ дар ин гуна боргоҳ шарти аввали хизматрасонист.
Ин нукта қобили дарк аст. Хонанда меояд, то маърифат омӯзад. Аз дари даромад то толори хонишу дигар ҷойҳои китобхона бояд ӯро ҳамин тозагӣ истиқбол гирад ва бо ҳамин кайфият ӯ аз китобхона хориҷ шавад.