Давраи омӯзишӣ барои даҳ нафар аз ҷумлаи кормандони китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали моҳи ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ оғоз шуда буд, имрӯз ба анҷом расид.
Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ҳангоми супурдани сертификатҳо ширкаткунандагонро барои анҷоми бомуваффақияти давраи омӯзишӣ муборакбод кард ва гуфт, дарсҳое, ки зарфи ин даҳ рӯз омӯхтанд, бидуни шак муфид буданд ва барои кори оянда ёрӣ мерасонанд.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин гуфт, ки ин гуна давраҳои омӯзишӣ зиёд тарҳрезӣ шудаанд ва қарор аст дар оянда низ тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуд идома ёбанд.
Дар ин муддат иштирокдорони давраи омӯзишӣ имкон доштанд дар бораи таърихи Китобхонаи миллӣ ва фаъолияти марказу шуъбаҳои он, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи реклама», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи нусхаи ҳатмӣ», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» «Дар бораи фарҳанг» ва дигар ҳуҷатҳои меъёрию ҳуқуқии алоқаманд ба фаъолияти китобхонаҳо, табъу нашр ва китоб ошно шаванд.
Дар бахши дигар аз дарсҳои омӯзишӣ бо феҳристҳои амалкунанда дар китобхона ва вазифаҳои он, ташкили феҳристҳо, роҳу шеваҳои ҷустуҷўи адабиёт, тарзи ҷобаҷогузории баргаҳо дар феҳристҳо (назария ва амалия), истифодаи феҳристҳо, таснифи даҳгонаи синфбандӣ ва назария ва амалияи таснифи китобдорӣ-библиографӣ (ББК) шинос шуданд.