Ин тозатарин рақамест, ки субҳи имрӯз эълон шуд. Яъне, шумори хонандагони фаъоли наврас ва кӯдакон афзуд ва ба 4 ҳазору 585 нафар расид.
Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ моҳи марти соли 2013 бахшеро барои кӯдакону наврасон ихтисос дод, ки имрӯз аз бахшҳои фаъол ба шумор меравад. Ба ин толор, ки дар ошёнаи якуми бинои Китобхона ҷойгир шудааст, асосан кӯдакону наврасони синнашон а 5 то 16-сола ташриф меоранд ва саргарми мутолиаи...