Activities calendar

21 ноября 2015

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон

Дар даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикистон хонаи умеди ман” доир гардид.
Ҷалолиддин Нуров, мудири Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхона гуфт, ки ҳадаф аз ин чорабинӣ  баланд бардоштани мафкураи миллии ҷавонон буд, то Парчами милии худ ва фалсафаи парчамдориро омӯзанд ва донанд.

Гулрухсор: "Ман барои он менависам, ки то ҳол шеъри дўстдоштаамро нанавиштаам..."

Ташнагони каломи Гулрухсор, ин шоираи дӯстдоштанӣ ва ин қаламкаши маъруф, муддати як ҳафта пеш, ки мулоқоташ эълон шуда буд, интизораш буданд.
Рӯзи 20 ноябри соли равон шоира ҳамроҳ бо сарояндаи дӯстдоштанӣ Муҳаррама Шарипова дар маҳфили адабиву фарҳангии “Дар суҳбати адиб” ҳузур ёфт ва дӯстдорони каломаш аз миёни маъюбонро шод кард.

Семинари илмӣ- таълимӣ бахшида ба «Рўзи Парчами миллии Тоҷикистон»

Субҳи имрӯз, 21 ноябр шуъбаи Абонименти байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии  Тоҷикистон семинарии илмӣ –таълимӣ бахшида ба «Рўзи Парчами миллии Тоҷикистон» доир кард.
Саидҷаъфар Сафаров, Ҷонишини аввали Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ парчамро аз нишонаҳои аслии соҳибихтиёрии кишвар номид. Вай гуфт, кишваре, ки худро соҳибихтиёр меномад, бояд аввал парчаму нишон дошта бошад.