Чигилак чист?

Як жанри тозазуҳур дар адабиёти бачагонро “чигилак” ном гузоштаанд. Чист он?
Посухи ин суолро аз сарсухани адиби шинохта Ҷӯра Ҳошимӣ дар китоби ӯ бо номи “Бодомгули олуча” пайдо кардем, ки ин ҷо меорем:
“Чигилак як гунаи шеър аст, ки адибони бисёр халқҳои олам эҷод мекунанд, бисёр хонандагони хурдсол онро дӯст медоранд, бо шавқу ҳавас мехонанд ва азёд мекунанд.
Ин намуди шеър  дар адабиёти рус бо номҳои “ералаш”, “небылица”, “перевертыш” машҳур аст. Дар ин гуна шеърҳо воқеъа ғайритабиӣ, пасупеш, чаппаву роста, баръакс ва барҳамдарҳам тасвир мешавад. Ин хусусияти чигилакҳо хонандаро водор мекунад, ки онро бодиққат хонад, зирактару ҳушёртар бошад, хондаашро  мулоҳиза кунад ва аниқу дақиқ донад. 
Ҳамин хусусиятҳои ин намуди шеърро ба назар гирифта, мо онро чигилак номидем.
Чигилак, воқеъан ҳам монанди ҳама гуна шеърҳо нағз хонданӣ ва хотирмон аст. Барои он ки ин намуди шеър бо оҳангҳои сабук ва шӯху шавқовар иншо мешавад. 
Чигилакҳо дар сиришти хонанда хислатҳои ҳақиқати ҳолро  дидан, асли воқеъаро  фаҳмидан ва ба бемаънегию бемантиқӣ хандиданро тарбия мекунад. Намунаҳои ин гуна шеър баъзан дар адабиёти даҳонии мардуми мо низ ба назар мерасанд. Онҳо одатан ҳамчун ҳусни анҷоми қиссаю афсонаҳо меоянд ва хонандаро аз рост будани сухани дурӯғнамо ва ё дурӯғ будани сухани ростнамо ҳушдор медиҳанд:
Як коса дӯғ буд,
Ҳамааш дурӯғ буд.
***     ****
Як коса мост буд,
Ҳамааш рост буд.

Дуруст кардани китоби чигилакҳо дар адабиёти тоҷик таҷрибаи нав аст. Умед аст, ки чигилак ҳам дар қатори чистон, шумурак, тезгӯяк ва дигар намудҳои  машҳури шеър ҳаводорони худро пайдо мекунад ва аз жанрҳои писандидаи бачаҳои мо қарор мегирад”.

Барои он ки сухан дар бораи ин жанри шеърӣ бо мисол бошад, дар зер чанд намуна аз чигилакҳои Ҷӯра Ҳошимӣ аз китоби ёдшудаи ӯ “Бодомгули олуча”, ки  нашриёти “Маориф ва фарҳанг” соли 2013 чоп кардааст, намунаҳо меорем. 

Оё дуруст кардам?

Бо чашмакам шунидам,
Бо гӯшакам бидидам.
Оё дуруст кардам?
Ё нодуруст кардам?

Бо пой хат навиштам, 
Бо даст роҳ бигаштам.
Оё дуруст кардам?
Ё нодуруст кардам?

Хӯрдам китобро ман, 
Хондам кабобро ман.
Оё дуруст кардам?
Ё нодуруст кардам?

Гуфтам ба гурбаам: - Кишт!
Гуфтам ба мурғакам: - Пишт!
Оё дуруст кардам?
Ё нодуруст кардам?

Хондам ду модар азёд,
Шуд шеъракам зи ман шод.
Оё дуруст кардам?
Ё нодуруст кардам?

Ба ин сухан нахандӣ

Се бурси сабзи хушҳол,
Тарбуз бубаст имсол.

Як бехаки санавбар,
Азбаски буда навбар.
Даҳ-биста себ бастаст,
Аммо базеб бастаст.

Аз кулчаҳои афсун,
Бас шохи беди Маҷнун.
То бар замин  расидаст, 
Аммо касе надидаст.

Дигар яке булуте,
Бастаст бас қуруте.

Ин чист?
Ин чанор аст?
Бораш вале анор аст.

Ҳатто ду ҳафта холӣ,
Гаштаст фикри олӣ.

Бар ин сухан нахандӣ,
Худ будаӣ Афандӣ. 


Аспи ало

Як аспи ало будаст,
Ҳай аспи бало будаст!

Дар пешгаҳи деҳа,
Дар пушти саҳро будаст.

Аз байни гала рафта,
Машғули чаро будаст.

Дар домани сабзи дашт,
Дар дашти само будаст.

Дар пушти само? 
                        Он ҷо!
Вай чуну чаро будаст?
Э, аспи бало не! 
                         Вай...
Як абри сиёҳ будаст. 


Дар танҳоӣ

Як ҷо нишастаам ман,
Танҳо нишастаам ман.

Якҷо чаро нишинам?
Танҳо чаро нишинам?

Оҳиста дар кушодам,
Озода пар кушодам.

Аз остон паридам,
Бар осмон паридам.

Рӯйи ҷаҳон аҷиб аст,
Давру замон аҷиб аст.

Исто, куҷо расидам?
Э, то само расидам.

Дар рӯйи Маҳ нишастам,
Армони дил шикастам.

Ин ҷо, вале чӣ манзил?
Аз диданаш чӣ ҳосил?

Ин ҷо на бӯю на ранг,
Дил танг шуд, нафас танг!

Ин ҷо чаро ҳаво нест?
Дарди маро даво нест?

Ин роҳи бенишон аст!
Баргаштанам гумон аст!

Бар хона чун бигардам?
Э вой, ман чӣ кардам?!

Чашмони худ кушоям, 
Биншастаам ба ҷоям!