Хизматрасонӣ ба кӯдакону наврасон

4866 кӯдакону наврасоне, ки зарфи шаш моҳи сипаришуда ба китобхона ташриф оварданд, на танҳо китоб мутолиа карданд, балки бо истифода аз барномаҳои компютерӣ дониши худро сайқал доданд. Дар компютерҳо барномаҳо барои омўзиши забони русӣ, донишҳои риёзӣ, адабиёт, таърих ва дигар фанҳо насб карда шудаанд.  
Кормандони бахши адабиёти кўдакон ва наврасони шуъбаи хизматрасонӣ барои рангорангии ҳузури бачагон дар ҳаёти китобхона пайваста чорабиниҳои гуногун баргузор мекунанд. Чорабиниҳои хотирмон бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модарон, баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» (аз 2.04.2015 то 9.04.2015),вохўрии шоирони ҷавон аз Иттифоқи нависандагон бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии № 8, 11, 34, 53, мулоқоти хонандагони мактабҳои таълимоти ҳамагонии № 1, 9, 60 бо адиб  Ғанӣ Ҷӯразода, таҷлили Рўзи байналмилалии ҳифзи  кўдакон аз ин ҷумла буданд.