Activities calendar

08 июля 2015

Ним соли таблиғ: аз чорабиниҳои фарҳангӣ то намоиши китоб

Шўъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, чуноне аз номаш пайдост, фаъолияти худро дар ду самти асосӣ: тарғиб ва роҳандозии чорабиниҳо ба роҳ мемонад. Кулли фаъолиятҳои он дар ҳамин ду самти асосӣ мутамарказ аст. 
Сайри Китобхона ва муаррифии он барои меҳмонон ва хонандагони нав ҷузъе аз ин таблиғот аст. Яъне, афрод ба китобхонӣ таблиғ мешаванд, барои ин онҳоро аз толор ба толори дигар сайр медиҳанд ва толорҳоро муаррифӣ мекунанд, то

Асрори номаҳо

Номи китоб: Асрори номаҳо
Муаллиф: Мухтор Аҳроров   
Макони чоп: Душанбе
Ношир: «Афсона»
Соли нашр: 1998
Теъдоди саҳифаҳо: 196

Дар ин маҷмуа мактубҳо ва санадҳои арзишманде ҷамъ оварда шудаанд, ки дар тӯли солҳо академик Аҳрор Мухторов аз олимону донишмандони кишварҳои дуру наздик ва ёру дӯстонаш гирифтааст. Дар аксарияти онҳо сухан аз таърих ва тамаддуни  халқи тоҷик ва гиреҳҳои нокушодаи он, муносибатҳои илмии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо меравад. Аз ин лиҳоз, маҷмуа на танҳо аҳамияти тарҷумаиҳолӣ, балки қимати илмию иҷтимоӣ низ дорад.

Амирон ва вазирони сомонӣ

Номи китоб: Амирон ва вазирони сомонӣ
Муаллиф: Мухтор Аҳроров   
Нашр: Аввал
Макони чоп: Душанбе
Ношир: «Оли Сомон»
Соли нашр: 1997
Теъдоди саҳифаҳо: 77

Маҷмуаи мақолоти китоби мазкур бо осори ҷуғрофияи таърихие бахшида шудааст, ки даврони салтанати Оли Сомон марбут аст. Дар ин китоб роҷеъ ба хонадони Сомониён ва вазирони эшон маълумоти навин гирд оварда шудааст. Ин китоб ба доираи дӯстдорони таърих, донишҷӯён ва онҳое тақдим мешавад, ки ба гузаштаи халқи тоҷик таваҷҷуҳ доранд.