Ним соли таблиғ: аз чорабиниҳои фарҳангӣ то намоиши китоб

Шўъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, чуноне аз номаш пайдост, фаъолияти худро дар ду самти асосӣ: тарғиб ва роҳандозии чорабиниҳо ба роҳ мемонад. Кулли фаъолиятҳои он дар ҳамин ду самти асосӣ мутамарказ аст. 
Сайри Китобхона ва муаррифии он барои меҳмонон ва хонандагони нав ҷузъе аз ин таблиғот аст. Яъне, афрод ба китобхонӣ таблиғ мешаванд, барои ин онҳоро аз толор ба толори дигар сайр медиҳанд ва толорҳоро муаррифӣ мекунанд, то хонандаи нав бидонад, ки аз куҷо чиро хоҳад хонд, кадом толор чӣ низом дорад, Китобхона чӣ имконияҳо дорад ва ғайраву ҳоказо.  
Тўли ин 6 моҳ кормандони шўъба барои 3754 намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва донишҷўёну мактаббачагон бештар аз 150 экскурсия ташкил кардаанд. 

Ташкил ва мусоидат дар баргузории чорабиниҳо

Баргузории чорабинищои фарҳангӣ аз бахши дигари фаъолияти шуъба аст. Кормандони шуъба дар ин шаш моҳ 30 чорабинӣ баргузор намуданд, ки гуфтугў тариқи Скайп бо номи “Мо толиби сулҳем”, маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ” дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўнамои китоби Дилафрўзи Қурбонӣ “Розҳои оиладорӣ”, Конфоронс бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Китобхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони халқиятҳои гуногуни муқими Тоҷикистон, ҷаласаи тантанавӣ ва чорабинии идона  бахшида ба Иди модарон барои бонувони Китобхонаи миллӣ, Маҳфили “Ҷамъбасти озмуни беҳтарин тарғибгари забон” бо ибтикори кумитаи забон ва истилоҳот, Чорабинии “Рўзи дарҳои кушода дар Китобхонаи миллӣ”, ки зиёда аз 10.000 шаҳрвандон ба китобхона ташриф оварданд, Ҷаласаи шашуми Шўрои сарпарастони Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва ҷаласаи панҷуми коршиносони сатҳи баланд, намоиши китобӣ, маҷаллаву суратҳо ва либосҳои миллӣ бахшида ба Наврузи ҷаҳонӣ дар даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ, семинари илмӣ-амалӣ дар мавзўи “Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ифротгароӣ”, таҷлили муштараки “Наврўзи аҷам” бо Вазорати фарҳанг ва ташкили намоиши китоб, маҷаллаву суратҳо ва либосҳои миллӣ бахшида ба Наврузи ҷаҳонӣ дар саҳни даромадгоҳи  КМТ  ва ғайра аз ин ҷумлаанд.
Ҳамчунин дар ин муддат маҳфилҳои адабии “Ҳофизхонӣ” ташкил шуд, ки се маҳфили он бо ширкати устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили ҳамешагии  “Ҳамешабаҳор” бо талоши шоир Хайрандеш гардон буд ва дар канори ин ҳама маҳфили маърифатии “Чароғи маърифат” низ барои мухлисон пешкаш гардид, ки басо рангорангу шавқовар мегузашт.
17-уми апрели соли 2015 дар Боғи фарҳанги ба номи устод Рӯдакӣ маҳфили “Сайри гули лола” баргузор шуд, ки дар он хонандагон, кормандони китобхона,  донишҷўёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва аъзоёни маҳфили “Ҳамешабаҳор” ширкат намуданд.  
Бахшида ба 70 солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо собиқадорони ҷанг мулоқот баргузор шуд ва дар он  китобиҳои “Аскарони Ғалаба”-и Ҳабибов Абдулло, Раҷаби Мирзо ва “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)”-и Қараев Ф., Аминов Ф.  муаррифӣ шуданд.  
Конфронси Ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои аъзои СААД, Семинари омўзишӣ таҳти унвони Нашри китоб дар Тоҷикистон ва раванди таъмини китобхонаҳо ба китобҳои тозанашр аз ҷумлаи чорабиниҳои дигари Китобхона буданд, ки кормандони шуъба иштироки фаъолона доштанд.  
Ҳамзамон чорабиниҳои гузаронидашуда тавассути шабакаҳои телевизионии “Шабакаи аввал”, ТВ “Сафина ”,  ТВ “Баҳористон ” ва  ТВ  “Ҷаҳоннамо” пӯшиш дода шуданд.  
Муддати се моҳ ба инҷониб сомонаи Китобхона ба ихтиёри ин шуъба дода шуд. Тарҳи нави сомона омода ва ҳоло фаъол шудааст. Дар ин муддат 41 хабару гузориш дар сомна ҷо дода шуд, ки ҳар кадом як чорабинии китобхонаро инъикос мекард. 
 Дар ин муддат ҳамчунин вобаста ба санаҳои таърихӣ, зодрӯзи адибони маъруф, “Соли оила”, иди Наврӯз, Рӯзи модар 11 намоиши китоб баргузор шуд. Дар ин 11 намоиш 383 нусха китобҳо гузошта шуданд ва саадҳо нафар аз он боздид ба амал оварданд.  

Барчаспҳо: