Activities calendar

30 июля 2015

Даҳгонаи қадимтарин китоб: “Дувалронӣ ва Хизрхон»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ

“Дувалронӣ ва Хизирхон” аз шоҳкориҳои адабиёти форсу тоҷик аст, ки бешт ар аз 6 аср ба инҷониб мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад ва аҳамияти илмиву бадеии он заррае кам намешавад.  Амир Хусрави бинни Лочин Деҳлавӣ (таваллуд 651/1253 – вафот 725/1324) аз ҷумлаи шуарои форсигӯи Ҳинд буда, дар адабиёти форсу тоҷик аз мақому дараҷаи вижа бархӯрдор аст. 

Салом ва дуруд

“Салом” яке аз пурмаънотарин калимаҳои арабии иқтибосӣ дар забони мост, ки ҳамтои куҳани тоҷикии он "дуруд" мебошад. Ҳама маъноҳои аслӣ ва маҷозии “салом” мусбат аст: сулҳ, оштӣ, дуруд, саломат, поку барӣ будан аз айбу нуқс, итоат, хайру хубӣ ва ғайра. Ислом низ аз ҳамин реша аст.
Зоҳиран маънои ин калима ба ҳар яки мо ошност ва зарурати баррасии он дар миён нест, аммо сабаби руҷуъ ба ин мавзӯъ он шуд, ки боре як барномаи радиоӣ махсуси баҳс дар мавриди

Луи Брайл: Нобиное, ки роҳи миллионҳо нафарро рушан кардааст

Номи Луи Брайл барои ҳама касоне, ки ба иллатеву ба сабабе биноии худро аз даст додаанд ва ё модарзод нобино ба дунё омадаанд, азизу мукаррам аст. Дар таърихи башарият Луи кореро анҷом дод, ки мушкили миллионҳо нафарро дар сар то сари Сайёра осон кард. Кашфиёти ӯ ва ҳарфҳои брайлӣ, ки ӯ ихтироъ кардааст, миллионҳо нафарро аз хатари бесоводӣ наҷот дод. Тавассути онҳо нобиноён хондану навиштан ва муколамаи хаттиву телефонӣ ва имрӯз ҳатто интернетиро омӯхтанд. Он ки барояш чандин пайкара гузоштаанд, арзиш дорад. Ҳамчунин арзиш дорад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола хотираи ӯро пос дорад ва чун наҷотдиҳандаи насли башар аз гирдоби бесаводиву ночорӣ барояш эҳтироми виже қоил шаванд.  
 

Ёде аз Аслӣ Бурҳон-ҳунарманди нотакрори театр ва синамо

Дар садумин солгарди Аслӣ Бурҳонов-ҳунарманди нотакрори синамо ва театри кишвар, Артисти Халқии СССР, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ шогирдон, пайвандон ва ҳаводорони ҳунари воло дар Китобхонаи миллӣ гирди ҳам омаданд.
Дар нишаст, ки бо сухани ифтитоҳии ҷонишини Директори Китобхона Гадобек Маҳмудов оғоз шуд, Ортиқ Қодир, ҳунарманди варзида ва як нафаре, ки аз шодравон дарси маҳорати касбӣ

Қобуснома

Номи китоб: Қобуснома
Муаллиф: Унсурулмаолии Кайковус
Тарҷума: Е. Э. Бертелс
Забон: русӣ
Макони чоп: Душанбе
Ношир: «Адиб»
Соли нашр: 1990
Теъдоди саҳифаҳо: 160






 

Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ

Номи китоб: Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи иттилоотии муосир
Мураттиб: Абдуҷамил Валиев
Ношир: Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Макони нашр: Душанбе
Соли нашр: 2014
Теъдоди саҳифаҳо: 34

Дар шароити ҷаҳоншавии фазои иттилоотӣ такмил ва омўзиши фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва бунёди китобхонаҳои электронӣ дар тамоми мамолики дунё яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар
фаъолияти китобхонаҳо, ба монанди компютерҳои фардӣ, воситаҳои нави интиқоли матни чопӣ ва электронӣ, таҳияи

Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика

Номи китоб: Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика
Муҳаррири масъул: Шарофиддин Рустамов
Макони чоп: Душанбе
Ношир: «Маориф»
Соли нашр: 1988
Теъдоди саҳифаҳо: 303