Луи Брайл: Нобиное, ки роҳи миллионҳо нафарро рушан кардааст

Номи Луи Брайл барои ҳама касоне, ки ба иллатеву ба сабабе биноии худро аз даст додаанд ва ё модарзод нобино ба дунё омадаанд, азизу мукаррам аст. Дар таърихи башарият Луи кореро анҷом дод, ки мушкили миллионҳо нафарро дар сар то сари Сайёра осон кард. Кашфиёти ӯ ва ҳарфҳои брайлӣ, ки ӯ ихтироъ кардааст, миллионҳо нафарро аз хатари бесоводӣ наҷот дод. Тавассути онҳо нобиноён хондану навиштан ва муколамаи хаттиву телефонӣ ва имрӯз ҳатто интернетиро омӯхтанд. Он ки барояш чандин пайкара гузоштаанд, арзиш дорад. Ҳамчунин арзиш дорад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола хотираи ӯро пос дорад ва чун наҷотдиҳандаи насли башар аз гирдоби бесаводиву ночорӣ барояш эҳтироми виже қоил шаванд.  

Бачагиву наврасӣ

Луи Брайл соли 1809 дар шаҳраки Куври Фаронса дар хонаводаи марди косиб дида ба олам боз кард. Падараш созандаи абзори аспу ароба буд. Луи ду хоҳари бузург ва як бародар дошт.  
Дар синни сесолагӣ бар асари захмӣ шудан аз асбоби дӯзандагии падараш тадриҷан чашмонаш нобино шуданд. Захм дергоҳ ӯро азият дод ва билохира аз дидагони бино маҳрум гардид.
 Волидон аз ин ҳол ғамгин шуданд, чун медонистанд, ки зиндагии кӯрон дар қашшоқию талбандагӣ ва билохира ба танҳоӣ мегузарад. Вале боз ҳам аз ин руҳафтода нашуданд, балки писари худро ҳунар омӯхтанд. Падараш дар тахтаи махсус ӯро алифбо омӯхт, муттате пас Луи метавонист ҳарфҳоро бехато бинвисад. 
Падар ҳар ҷой мерафт, ӯро бо худ мебурд, вақте ба оғӯши табиат мерафтанд, гӯш ба хониши паррандагон медоданд ва падар мегуфт, ки ин садои кадом парранда аст ва чӣ сурат дораду чи хосият. Гулҳоро бӯ мекашиданд ва падар барояш номи гул, рангу намуд ва бӯяшро мегуфт. Дар натиҷа Луи бо табиати гулҳову растаниҳо ва парандагону ҳайвонот шинос мешуд, симои онҳоро тасаввур мекард. Падар ҳам бо назардошти шавқу завқ ва ҳисси кунҷковии фарзанди нобинояш мекӯшид ҷузъиёти бештарро аз ҳаводиси рӯзгор ҳикоят кунад, то фарзандаш  аз нигоҳи фикриву мулоҳизаронӣ рушд намояд. Ҳамзамон бо ин падар ба Луи дар бораи вуҷуди Худо нақл мекард ва ҳиссиёти ӯро ба дину мазҳаб ва бузургии Худованд бедор менамуд, эътиқод ба Парвардигори ягонаро барояш меомӯхт.
Дар синни ҳафтсолагӣ ба мактаб рафт ва чун хеле куҷкову ҷӯянда буд, дар як муддати кутоҳ чун яке аз тезҳуштарин ва зирактарин хонандагон  ном баровард. Дар синни даҳсолагӣ ӯро ба Донишкадаи шоҳаншоҳии нобиноён медиҳанд. Ва дар донишкада низ дар ҳама фанҳо маҳз Луи пешсаф буд, дарсҳоро зуд аз худ мекард. Бахусус, барояш фанни мусиқӣ писанд буд ва пианинонавозиро ба зудӣ аз худ кард. Дар синни 16-солагӣ вай аллакай дар чандин калисои Порис арғунуннавозӣ мекард ва маош дарёфт менамуд.
Аммо мушкили таҳсил дар донишкада он буд, ки асноди хаттӣ комилан вуҷуд надошт, он чӣ дарс мегуфтнд, шифоҳӣ буд ва хонандагон низ ба дарсҳо аз рӯи шунид ва даркашон посух медоданд. Дар китобхонаи он замон китобҳое буданд, ки бо усули Валентин Гаюӣ чоп шуда буданд. Ин китобҳо хеле гаронвазн ва мушкилхон буданд. Вале Луи мекӯшид ҳамаи онҳоро бихонад.

Талошҳои аввал барои алифбои нав  
 

Луи талош кард алифбои худро созад ва аввалин маротиба дар 12-солагӣ ба ин кор иқдом намуд. Дар 15-солагӣ нахустин алифбо барои нобиноёнро бо усули ихтирокардаи худ ба анҷом расонид. Он аз 6 нуқтаи барҷаста иборат буд ва ҳар ҳарфи алифбои фаронсавӣ бо гузорише иборат аз ин нуқтаҳо сохта мешуданд. Ҳамзамон бо ин аломатҳои китобиро низ бо ин нуқтаҳо ишора мекард. 
Луи ин алифбои худро тадриҷан такмил дод ва онро барои нотаи мусиқӣ низ истифода кард. Соли 1829 Луи Брайл китоби хурдакакеро интишор дод, ки дар он вай оид ба имконоти ҳарфҳои барҷаставу нуқтадораш нақл мекард. Ин усулро муҳассилон ба зудӣ ва хуб пазируфтанд, вале мушкил дар профессорон ва соҳибмансабони донишкада буд, ки ба қабули он майл намекарданд. Аммо Луи аз ин руҳафтода намешуд ва пайваста усули худро такмил медод.
 Дар 17-солагӣ вай дар донишкада муаллим барои синфҳои поёнӣ ва дар 19-солагӣ омӯзгори ҳамаи дарсҳои таълимӣ, аз ҷумла риёзӣ, ҷуғрофӣ, граматика ва мусиқӣ буд. Вай хеле хайрхоҳ буд, дили пурмуҳаббат дошт ва аз ин рӯ муҳассилин ӯро зиёд дӯст медоштанд.  
Аммо дар 26-солагӣ аз пуркориву таваҷуҳ накардан ба саломатӣ гирифтори бемории сил шуд, ки лозим меомад муддате оромиш ва истироҳат дошта бошад. Вале оромиш ҳам куҷо, мехост ҳарчӣ хзудтар кашфиёташ ҳамагонӣ шавад ва ба талошаш дар ин самт идома медод. Дар ин асно нобинои ҷӯяндаи дигар Пер Фуко, ки дар шашсолагӣ аз дидагонаш маҳрумшуда буд, ба кӯмаки Луи расид. Вай мошини чопии ихтирокардаи худро барои алифбои Брайл пешниҳод кард. Ин мошин тавре сохта шуда буд, ки ҳангоми пахш кардани тугма нақши сиёҳии ҳарфи маъмулӣ рӯ мезад ва ҳамзамон он барҷаста мешуд. Ин ҳарфҳоро ҳам касони бино ва ҳам нобино метавонистанд бихонанд. Ин аввалин мошини чоп ба ҳарфҳо барои нобиноён дар таърихи башар буд.  

Бемориву ранҷурӣ

Дар ин замон саломтии Луи рӯ ба вахомат овард. Вай серкор буд, ба табобат кам эътибор медод. Маошашро бештар барои эҳтиёҷмандон сарф мекард, китоб мехарид, усули алифбои худро такмил медод, донишҷӯёни фақирро дастгирӣ менамуд.  
Моҳи декабри соли 1851 бемориаш хуруҷ кард. Вай ором буд, тамкини ҳамешагиро аз даст намедод. Дар остонаи маргаш ба дӯстонаш, ки сари болинаш ҳозир буданду ашк мерехтанд, мегуфт: “БА ХУДОВАНД ЛОЗИМ БУДААСТ, КИ ПЕШИ ЧАШМОНИ МАН ҲАМЕША УМЕДИ АБАДЗИНДАИ НОБИНОШУДА ҚАРОР ГИРАД”.
Шашуми январи соли 1852 дар синни 43-солагӣ аз олам рафт. Баъди маргаш садуқчаеро ёфтанд, ки дар рӯяш навишта шуда буд: “Боз накарда, сӯзонида шавад”. Аммо дӯстон аз кунҷковӣ онро кушоданд. Адарунаш даҳҳо хатчаеро ёфтанд, ки аз қарзи додааш ба одамон ҳикоят мекард. Тибқи васияташ онро дубора бастанд ва сӯзониданд.

Шуҳрати баъд аз марг

Луи ҳам чун аксари нобиғаҳо дар зиндагӣ соҳибшуҳрат нашуд. Танҳо баъди маргаш инсонҳо тавонистанд дарк кунанд, ки аҷал чӣ касеро аз миён бурдааст. 
Вай дар зиндагӣ шуҳрати хати худро надид, зеро то замони маргаш алифбои ӯро танҳо дар Донишкадаи шоҳаншоҳӣ истифода мекарданд. Вале соли 1854 онро дар сар то сари кишвар барои омӯзиши  нобиноён иҷозат доданд.  
Соли 1878 Конгресси байналмилалӣ дар Рим усули Брайлро чун муносибтарин шеваи навишт ва хондан барои нобиноён қабул ва тасдиқ намуд. 
 Сад сол баъд аз маргаш ҷасади ӯро ба Пантеони Фаронса оварданд ва дар қатори дигар бузургони ин кишвар бо тантанаи хос ба хок супурданд. То ҳол хонаи кӯдакии Луи Брайл вуҷуд дорад ва ҳукумати вақт онро ба осорхонаи ӯ табдил дода буду ҳоло ҳам чун осорхана амал мекунад.  
Соли 2009 бошад ба ифтихори 200-солагии таваллудаш тангаҳо бо тасвири Брайл дар ИМА, Ҳинд, Белгия ва Италия бароварда шуданд.  
Ин буд як қиссаи хеле кутоҳ аз рӯзгори асосгузори алифбои Луи Брайли нобино, ки акнун бо номи хати Брайлӣ маълуму машҳур аст. 
Дар бораи ӯ метавон  даҳҳо ин гуна мақолаҳо навишт, ҷузъиёти зиёдеро аз рӯзгораш қисса кард, вижагиҳои кашфиёташро гуфт. Вале ин ҷо ҳадаф танҳо муаррифии ин шахсияте буд, ки умрашро сарфи кори нек кардаву аз худ номи нек ба ҷо гузоштааст. 
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи вижа амал мекунад, ки ба афроди имконотаон маҳдуд хизмат мерасонад. Ин шуъба як толори хонишро ҳам иборат аз 50 ҷойи нишаст дар ихтиёр дорад. Бино ба гуфтаи мудири ин шуъба Санавбар Мусоева 307 нафар дар он узвият доранд.
Дар бойгонии ин шуъба қатори дигар китобҳо 497 адад китобҳои чопи Брайлӣ мавҷуданд, ки танҳо 32 адади онҳо тоҷикӣ буда, боқӣ бо забони русианд. Санавбар Мусоева мегӯяд мушкили ин шуъба кам будани китобҳои чопи Брайлӣ бо забони тоҷикӣ аст, чун аксари муштариёни шуъба забони русиро хуб намедонанд.  

Рӯйхати комили китобҳои Брайлӣ дар Китобхонаи миллӣ