Таҷлили Рӯзи байналмилалии “Асои сафед” дар Китобхонаи миллӣ

Абдусалом Мирализода аз ҷумла гуфт: “Маъюб он нест, ки ҷисми маъюб дорад, балки маъюб онест, ки иродаи заиф дорад. Ман маъюбони инҷобударо маъюб гуфта наметавонам. Зеро онҳо дили солиму иродаи устувор доранду дунёро  на ин ки бо чашми сар, балки бо чашми дил мебинанд. Метавон гуфт, нобиноён бадиро намебинанду намедонанд, зеро ботини онҳо худ зебосту зебоиро мепарастанду зебоиро дуст медоранд. Пас, ҳар яки моро месазад, аз инҳо ибрат гирему зебоиву зебоипарасиро аз инҳо омӯзем”.

Баъд аз зӯҳри дирӯз бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинӣ таҳти унвони «Асои сафед» доир гардид. Дар ин чорабинӣ нобиноён ва дигар аъзоёни фаъоли шуъба ширкат намуданд.

Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар суханони муқаддамотии худ бо зикри таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар ба рӯзгори шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ҳамаи ширкаткунандагони ин нишаст, нобиноёнро ба Рӯзи байналмилалии “Асои сафед” табрик намуд.

Абдусалом Мирализода аз ҷумла гуфт: “Маъюб он нест, ки ҷисми маъюб дорад, балки маъюб онест, ки иродаи заиф дорад. Ман маъюбони инҷобударо маъюб гуфта наметавонам. Зеро онҳо дили солиму иродаи устувор доранду дунёро  на ин ки бо чашми сар, балки бо чашми дил мебинанд. Метавон гуфт, нобиноён бадиро намебинанду намедонанд, зеро ботини онҳо худ зебосту зебоиро мепарастанду зебоиро дуст медоранд. Пас, ҳар яки моро месазад, аз инҳо ибрат гирему зебоиву зебоипарасиро аз инҳо омӯзем”.

Меҳмонии ин чорабинӣ сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока буд, ки ширкаткунандагони маҳфилро табрик намуд ва беҳтарин ва қашангтарин хушиҳои зиндагиро баҳрашон таманно намуд. Ҳамзамон ҷаноби Сафир Ҳаҷиме Китаока гуфт: “Шахсоне, ки имконияташон маҳдуд аст, ман онҳоро ҳеҷ гоҳ маъюб намеҳисобам. Ман гумон мекунам, онҳое, ки омӯзиши хубу маълумоти олӣ доранд, метавон гуфт онҳо дар оянда шахсони тавонову баруманд хоҳанд шуд. Фақат нобиноёнро месазад, ҳеҷ гоҳ ноумед нагарданд”.

Дар чорабинӣ Замира Самадова, намоянда аз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  ширкат ва суханронӣ намуд.

Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буд ва ҳунармандон Матлубаи Раҳим, Заринаи Абдураҳим, Мавзунҷони Ғафурзод ва Иброҳими Исмоилзод бо сурудҳои тозаэҷоди хеш ба ҳусни чорабинӣ ҳусни тоза зам намуданд. Ҳунармандони гурӯҳи “Шакарханд” бо шухиҳову саҳнаҳои намакини хеш хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола 15-уми октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон Рузи аъмоён, рузи «Асои сафед» тантана ва таҷлил карда мешавад. Рӯзи байналмилалии “Асои сафед” рамзи шахси нобино буда, он аввалин маротиба 15 октябри соли 1964 дар ИМА бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нобиноён ҳамчун рузи “Асои сафед” қайд карда шудааст. Бори дуюм соли 1969 Федератсияи байналмилалии нобиноён 15 октябрро расман ҳамчун рузи “Асои сафед” эълон намуд.

Дар партави сиёсати давлату ҳукумат ва хоса, раҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтирому қадри аъмоён хамеша ба ҷо оварда шуда, ғамхорию дастгирии онон дар мадди назар меистад. Аъмоён мисли ҳамаи аъзои ҷомеа сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукуматро ҷонибдорӣ менамоянд ва бо кору рафтор ва амали худ онро исбот месозанд.

Фарзонаи Мирзо
Суратгир: Хусрави Милод