Маъюбон ва хизматрасонии библиографӣ ба онҳо
Дар Китобхонаи миллӣ аз аввалин рӯзи фаъолияташ ин тавр набуда, ки шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд фаромӯш шуда бошанд. Дар сохтори Китобхона шуъбае бо номи хизматрасонии махсус амал мекунад, ки ба ин гуна шахсон хизмат мерасонад. Теъдоди китобҳои он 5442 адад буда, 634 адади он китобҳои брайлӣ мебошанд. Дар айни замон ин шуъба ба 674 нафар хонандагони доимиаш хизмат мерасонад.
Ҳар сол чун анъана дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8-уми июл ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки ашхоси имконияташон маҳдуд, қатъи назар аз имконияти ҷисмонӣ, дар доираи тавони худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ шуғл меварзанд, дар ташкилоту корхонаҳо пурсамар фаъолият намуда, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона саҳм мегузоранд, ба манфиати халқу Ватан софдилона хизмат менамоянд. Ҳамин тавр, ҷомеа пайваста аз маҳсули наҷиби дастони онҳо баҳраманд мегардад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини шароити мусоиди кору зиндагии ин қишри ҷомеа оид ба солимгардонӣ, меҳнат,дарёфти маълумот, омодагии касбӣ, фароҳамсозии муҳити хуби фароғатӣ ва дастгирии моддиву маънавии онҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуда буданд:
“Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем.
Масалан, маблағгузории хона-интернатҳои ятимон, маъюбон ва пиронсолон дар як сол ба як бошанда 21 ҳазор сомонӣ ва хонаи кӯдакон ба як кӯдак 15 ҳазор сомонӣ рост меояд, ки нисбат ба соли 2010 мутаносибан чор ва дуюним баробар зиёд мебошад.
Барои мактаб-интернатҳои низоми маорифи кишвар бошад, ба як хонанда дар як сол аз буҷети давлат ба ҳисоби миёна 7500 сомонӣ маблағ сарф карда мешавад, ки афзоиши он дар ҳафт соли охир беш аз се баробарро ташкил медиҳад.
Вале масъалаҳои вобаста ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои инноватсионии кори иҷтимоӣ ва таъмини муҳити дастрас барои маъюбон беҳбудиро тақозо доранд.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш дода мешавад, ки оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд”.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ба ҳайси муассисаи бонуфузи фарҳангии ҷумҳурӣ бо доштани махзани гаронмояи адабиёти илмӣ-соҳавӣ ва бадеиву тарбиявӣ ҳамарӯза ба муштариёни зиёд, ки аксари онҳоро донишҷӯёну мактаббачагон ташкил медиҳанд, хидмат мерасонад. Ҳамчунин чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир намуда, дар самти таҳкими ғояҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳувияти миллӣ ва эҷоди ҷомеаи мутамаддин дар кишвари азизамон саҳм мегузорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат дар сохтори Китобхона аз соли таъсисёбияш (2012) шуъбаи махсуси хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд фаъолият мекунад. Сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, ғамхории падарона ва таъкидҳои пайвастаи эшон ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи ин қишри ҷомеа меҳвари асосии фаъолияти моро дар ин самт ташкил медиҳад.
Дар сохтори шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ 10 нафар фаъолият менамояд. Махзани он 5442 адад китобро дар бар гирифта, аз он 634 адад китобҳои брайлӣ, 3820 адад адабиёт бо забони тоҷикӣ ва 998 адад бо забони русӣ мебошад.
Шумораи хонандагони шуъба 674 нафар буда, толори хониш ва 14 адад компютер мавриди истифодаи хонандагон қарор дорад. Бештари хонандагони шуъбаро донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон, бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонӣ ба маъюбон ва дигарон ташкил медиҳанд.
Самтҳову вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба омӯзишу таҳлили хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҷалби онҳо ба китобу китобхона, бунёди фонди электронӣ: китобҳои гӯё, электронӣ, мултимедӣ, такмили фонди шуъба бо адабиёти тозанашри махсус, бақайдгирии ройгони хонандагон, таҳлили дархости хонандагон, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоту ҷамъиятҳо ва ғайра мебошад. Барои хонандагони шуъба дар доираи имконоти мавҷуда шароит муҳайё буда, хизматрасонӣ тавассути интернет ва бурдани китобҳои дархостӣ ба хонаи маъюбон ва пиронсолон ба роҳ монда шудааст.
Ҳар моҳ маҳфилҳои «Равшандилон», «Хандарез», «Ганҷи сухан» ва инчунин бахшида ба ҷашну маросимҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешавад. Ҳар ҳафта ду маротиба барои хонандагони шуъба ба тариқи ройгон дарси забони инглисӣ доир мегардад.
Истифодаи технологияи нави иттилоотӣ дар таҷрибаи шуъбаи хизматрасонии махсус баҳри вусъати услубҳои нави хизматрасонии китобдорӣ мусоидат намуда, барои истифодабарандагон шароити хуб барои мутолиа муҳайё сохтааст. Мутахассисони шуъба бо маҳорату малакаи хуби соҳавӣ маводи заруриро барои ин гурӯҳи хонандагон дар шаклҳои гуногун омода менамояд. Дар шуъба 5 адад компютер дорои барномаи “Ҷовс” барои нобиноён буда, компютерҳо ба шабакаи интернет пайвастанд.
Вазъи имрӯзаи хизматрасонӣ ба ин гурӯҳи хонандагон, ки имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доранд, бо вижагиҳои худ аз дигар гурӯҳҳои хонандагони Китобхона ба куллӣ фарқ мекунад. Омилҳои асосии фарқкунандаи ин гурӯҳ пеш аз ҳама, фароҳамсозии шароити махсус, аз ҷумла роҳрави махсус барои воридшавӣ ба шуъба, маводи истифодабарии хониш (китобҳои Брайлӣ), таҷҳизоти махсус барои истифодабарии компютерҳо, мизу курсиҳо ва ғайра ба ҳисоб меравад.
Шуъба бо ташкилоту ҷамъиятҳои гуногун, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият», Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, Гурўҳи ҷавонони «Авангард» («Пешоҳанг»), бошандагони маркази минтақавии хизматрасонӣ ба нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон, Ташкилоти «Пешрафт», Маҳфили волонтёрони “Эко+”, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ба роҳ мондааст.
Хушбахтона, масъалаи дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи давлатӣ ҳалли мусбати худро ёфтааст. Ин қабил ашхос дар паноҳи давлатанд ва кафолати зиндагии муносиби онҳоро давлату ҳукумат бар дӯш дорад. Дар ҷумҳурии мо, ки кулли сокинонаш аз азал инсонпарвару мардумдӯст буда, ҳамдигарро ба накукорӣ даъват менамоянд, парастории маъюбон ва пирони барҷомонда амали муқаррарист. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар соли равон (12.05.2018, шаҳри Душанбе) бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки хусусан, солҳои охир дар кишварамон дасти кумак дароз кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо аз ҷониби соҳибкорону ашхоси ҳимматбаланд торафт ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст.
Ҳар яки мо, ки меросбари кори падарон мебошем, бояд маъюбонро дастгирӣ намоем, ҳурмату эҳтироми пиронро ба ҷо оварда, онҳоро бо ғамхорию дастгирии ҳаматарафа фаро гирем.
Бигзор, ашхоси имконияташон маҳдуд чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии мо ҳамеша болидарӯҳу пурталош ва дар самтҳои мухталифи рушди ватани маҳбубамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.