Activities calendar

20 июля 2018

Ғунча будию гули ховар шудӣ...

Ман мутаҳаййир ба рӯи ӯ нигоҳ кардам. Фармуд, ки як шеърамро ба коғаз кӯчонам. Ман ҳам сабабашро напурсида, шеърамро кӯчонидаму Толис варақаи шеърамро аз дастам гирифта, ба киса андохт. Ман чизе нагуфтам, фақат аз хаёл гузаронидам, ки шояд ба газетаи девории факултет медиҳад… Баъди тахминан ду се ҳафта Толис газетаи "Пионери Тоҷикистон"-ро ба ман дароз кард. Чун онро кушода бинам, ҳамон шеър бо сарлавҳаи "Аълохон" дар газета чоп шудааст. Ба рӯйи Толис бо миннатдорӣ нигаристам. Ӯтабассум карда, табриккунон  самимона дастамро фишурд. Он аввалин шеъри ман буд, ки ба хонандагон расид".

Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ 

 

Шаступанҷ соли Аҳмадҷони Раҳматзод

Имрӯз, 20-уми июли соли 2018 Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ба синни мубораки 65 қадам ниҳод. Аҳмадҷони Раҳматзод аз ҷумлаи шоирони тозагӯи тоҷик аст, ки бо ашъори дилписандаш миёни мардум маъруфият дорад.