1 июл
Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” дар боги ба номи устод Рӯдакӣ, бо ширкати садҳо нафар ҳаводорони шеъру мусиқӣ ва савту калом доир гардид. “Ҳамешабаҳор” маҳфиле аз маҳфилҳои адабии Китобхонаи миллӣ аст, ки аз ҷониби шоири шинохта Хайрандеш барномарезӣ ва баргузор мешавад.
Ин бор донишманди маъруф Ҷамолиддин Сайидзода ва дастаи ҳунарии “Сипар” бо ҳузури худ базми шеъру
Таътили тобистона сафи хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасонро зиёд кард. Дида мешавад, ки дар миёни наврасон касоне, ки мехоҳанд таътилашонро бо китоб гузаронанд, зиёданд. Ин мояи хушиву сарфаризист, ки бачаҳо бештар аз пештар ба китоб рӯ меоранд. Кормандони Шӯъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳам мекӯшанд ҳар талабу дархости хонандагони хурдсоли худро сари вақт иҷро намоянд, то