Бачаҳо бештар рӯ ба китоб меоранд
Нашр шуд 2018-07-03 17:08
Таътили тобистона сафи хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасонро зиёд кард. Дида мешавад, ки дар миёни наврасон касоне, ки мехоҳанд таътилашонро бо китоб гузаронанд, зиёданд. Ин мояи хушиву сарфаризист, ки бачаҳо бештар аз пештар ба китоб рӯ меоранд. Кормандони Шӯъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳам мекӯшанд ҳар талабу дархости хонандагони хурдсоли худро сари вақт иҷро намоянд, то онҳо аз ин боргоҳи маърифат хушҳол берун шаванд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки хонандагон бештар ба китобҳои устодони каломи бадеъ Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода таваҷҷӯҳ доранд. Ҳамчунин тибқи синну солашон бештар ба мутолиаи афсонаҳо мароқ доранд. Аз ин рӯ кормандони шуъба талош мекунанд рафҳои китобро бо ин китобҳои серталаб бештар оро диҳанд.
Шавқу завқи хонандаҳои шӯъба дар ширкат дар маҳфилҳо зиёд аст. Онҳо дар ҳама маҳфилу чорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд, месозанд, расмкашӣ мекунанд, шеър мехонанд, тарона месароянд. Шӯъба барояшон мактаби дигарест, ки дар он на танҳо китоб мехонанд, балки ҳунар меомӯзанд.
Аз он ҷумла, маҳфили “Дастони мохир”, ки як маҳфили эҷодкорони ҷавон аст, баъзан наворбардорӣ ва аз тариқи телевизиони “Баҳористон” намоиш дода мешавад. Гузашта аз ин баъзе аз ширкаткунандагони фаъоли ин маҳфилҳо бо офаридаҳои худ дар намоишҳои “Баҳористон” ширкат мекунанд.