Охири моҳи июн як силсила китобҳои нави ноширони кишвар ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд, ки дар айни замон дар коркард қарор доранд. Баъди чанд рӯзи дигар ин китобҳо вориди толорҳои хониш мешаванд ва хонандагон имкон пайдо хоҳанд кард аз онҳо истифода кунанд.
Аз ҷумлаи китобҳои тозавуруд инҳоянд:
Иржи Бечка аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои адабӣ ва илмии олам аст, ки дилбаста ва шефтаи адабиёти пурғановати форсӣ маҳсуб мешуд. Садҳо мақолаҳо, китобҳо, пажӯҳишҳои илмиаш таърих, забон, фарҳанг, адабиёти классик ва муосири Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро дар бар гирифтааст. Муаллифи маъруфтарин асарҳои пажӯшӣ доир ба дабиёти форсу тоҷик аст. Шахсест, ки дар муаррифии адабиёти мусоири тоҷик, забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллати мо ба аврупоиён хизматҳои шоистае кардааст. Шояд шахси дигаре аз аврупоиён ба ҳадди Иржи Бечка дар муаррифии миллати мо ва адабиёту таърихи он хизмат накарда бошад.