“Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ўзбек»
Нашр шуд 2018-07-02 18:08
Бо ҳамин ном ахиран нашриёти «Шарқи Озод» очерки илмӣ-оммавии академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо теъдоди ҳазор нусха ба нашр расонид.
Дар оғоз академик А. Раҳмонзода ба он таъкид кардааст, ки «фарзандони бонангу номус ва соҳибмаърифати ин ду халқ тайи қарнҳо кўшиш кардаанд, ки дар зеҳну андешаи мардум хислатҳои неку ҳамидаи инсондўстӣ ва ҳамзистиро ҷой намоянд ва умр ба сар бурдан дар фазои дўстию рафоқатро тарғиб созанд. Махсусан, аҳли адаб аз ибтидо ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ дода, тавассути осорашон ғояҳои дўстию рафоқат, бародарию баробарӣ ва ҳусни ҳамҷавориро тараннум намуда, бо ҳамдигар робитаи эҷодӣ ва аз осори ҳамдигар омўхта,

Чунин ном дорад китоби донишманди тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода. Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ, гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои он бахшида шудааст.
Зиндагинома, фаъолияти сиёсӣ ва санъати давлатдории Нусратулло Махсум ниҳоят рангину гуногунмазмун буд. Ў яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон дар солҳои 20-уми қарни ХХ маҳсуб меёбад. Ин марди бузург аз раиси Кумитаи инқилобии ноҳияи Ғарм, то раиси Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

