Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ
Нашр шуд 2018-07-02 16:37
Чунин ном дорад китоби донишманди тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода. Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ, гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои он бахшида шудааст.
Муаллиф дар сарсухани китоб менависад: “Неруи тарбиявии омӯзаҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ ҳамон вақт пуртаъсир мегарданд, ки худи ҷавонон имкони мушоҳидаи бевоситаи равандҳои таърихиро пайдо мекунанд ва ба сифати муҳаққиқи таърихи миллати хеш ба омӯзиш мепардозанд. Ва чунин имконро ба онҳо китобҳое медиҳанд, ки ба мавзӯоти корнамоии ҷовидонаи абармардони миллат, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ барои сарнавишти халқи хеш нақши муҳим ифо намудаанд ва аз худ намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ нишон додаанд, бахшида шудаанд.
Аз ин лиҳоз фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар ҷиҳат омӯзанда аст. Мо кӯшиш мекунем, ки аз сутури ин саҳифаҳо пеши дидагони хонанда ҳама он мураккабии авзои замони ба сари кор омадани Эмомалӣ Раҳмон ва чеҳраи пешвои миллат, ки адолат, ҳақиқат ва садоқат ба халқи хешро сармашқи фаъолияти худ намуда, дар роҳи расидан ба ин ормонҳои муқаддас пайваста талош меварзад, падидор намоем. Ва низ аз сифати хоси Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли ин ҳама солҳои сарварӣ ба ҷумҳурӣ, ба ҷуз роҳбари сиёсӣ будан, ба мураббӣ ва роҳнамои маънавии ҷомеа табдил гаштааст, сухан гӯем”.
Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва умуман, доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.
Китобро комил ин ҷо метавонед мутолиа намоед:
Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ