Чопи китоби нав аз ибтикороти шоистаи Пешвои миллат

«Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумуҳурии Тоҷикистон» - таҳти чунин унвон дар нашриёти «Контраст» - и пойтахт китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чоп баромад.

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори китоб мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.

Нашрия дар ҳаҷми 366 саҳифа буда, аз маҷмӯаи  порчаҳо аз паёмҳои парлумонӣ, суханрониҳо, маърӯзаҳо, мусоҳибаҳо ва изҳоротҳои матбуотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва  замимаҳо иборат мебошад.

Қисмати аввали маҷмўа ба масъалаҳои мубрам ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду даҳсолаи охир бахшида шудааст. Маводҳои қисмати дуюм ибтикороти Сарвари давлатро дар арсаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии ҷаҳонии иқлим, роҳҳои ҳалли ќазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир инъикос мекунанд.

Нашрияи мазкур барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла олимон, дипломатҳо, хизматчиени давлатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст.

Шакли электронии китоб дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷой карда мешавад.

Дар бораи мураттиб:

Зафар САЙИДЗОДА 18 декабри соли 1961 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии ҳарбӣ ба дунё омадааст. Тоҷик. Хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии (ҳоло Донишгоҳи миллии) Тоҷикистон аст. Аз 5  феврали соли 2008 Сармушовири Президенти Тоҷикистон ва дастгоҳи иҷроияи он оид ба сиёсати хориҷӣ ва равобити хориҷист. То ин замон ҳамчун сухангӯи Вазорати корҳои хориҷї ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори агентии миллии иттилоотии “Ховар”фаъолият карда буд.   

Номзади илмҳои фалсафа (июни соли  1989), доктори илмҳои таърих (майи соли 2016) мебошад. 

Муаллифи  бештар аз 55 китоб оид ба фалсафаи ҷомеа, таърихи наву навтарини кишварҳо, сиёсати хориҷӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Барандаи ҷоизаи журналистии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад.

1 сентябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутбаи Мушовири давлатии дараҷаи аввал дода шуд. 

Бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ аз 3 сентябри соли 2011 сазовори мукофоти олии (ифтихорномаи) Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардидааст.

29 августи соли 2016 бо медали давлатии “Хизмати шоиста” шарафёб шуд. 

Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.

Дарёфти китоби «Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумуҳурии Тоҷикистон”