Activities calendar

11 июля 2018

Ҷамъбасти шаш моҳи фаъолияти Китобхонаи миллӣ

Дар шашмоҳаи аввали  соли 2018-ум  16464  нусха адабиёт ба  маблағи  умумии  224247,68  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор дода шуд.  Ба захираи умумии Китобхона 15800 нусха ба маблағи умумии  217509,00  сомонӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла,  китобҳо – 15140 нусха, маҷаллаҳо – 418 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ - 146 нусха, авторефератҳо-100 нусха, диссертатсияҳо – 92 нусха, СD DVD - 19 дона.