Дар шашмоҳаи аввали соли 2018-ум 16464 нусха адабиёт ба маблағи умумии 224247,68 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор дода шуд. Ба захираи умумии Китобхона 15800 нусха ба маблағи умумии 217509,00 сомонӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, китобҳо – 15140 нусха, маҷаллаҳо – 418 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ - 146 нусха, авторефератҳо-100 нусха, диссертатсияҳо – 92 нусха, СD DVD - 19 дона. Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ –664 нусха китоб ба маблағи умумии – 6738,68 сомонӣ ворид карда шуд.
Дар ин бора субҳи имрӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Китобхонаи миллӣ сухан рафт.
Гуфта шуд, ки кормандони шуъбаи такмили адабиёт 2157 нусха (1000 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 150 нусха (87 номгўй) нашрияҳои гуногунро қабул намуда, ба дафтари бақайдгирӣ сабт намуданд.
3172 адад рўзномаҳои обунавӣ ва ҳатмӣ (ҳатмӣ - 1237, обунавӣ - 1422) ба қайд гирифта шуд.
Таҳлили фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон дод, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрўз ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 154495 нафар хонанда пазируфта шудааст. Дар шашмоҳаи аввали соли равон ба узвияти Китобхонаи миллӣ 10972 хонанда қабул шудааст.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2018 шумораи хонандагони ташрифоварда ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводи мусаббат, толори феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ 254 ҳазору 853 нафарро ташкил дод ва ба ҳисоби миёна дар як рўз 1 ҳазору 450 вориди толорҳои гуногуни хониши Китобхона мешуданд. Дар ин муддат ба хонандагон 445 ҳазору 334 нусха адабиёт пешниҳод шудааст.
Дар шашмоҳаи сипаришуда ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 5 ҳазору 172 нафар истифодабарандагон муроҷиат намуданд, ки 86 нафари онҳо хонандагони нав аъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон 8 ҳазору 536 нусха адабиёт ба хона барои истифодаи муваққатӣ дода шуд. Бо воситаи абонементи байни китобхонаҳо 168 нусха адабиёт ба вилояти Суғд, 193 нусха адабиёт ба вилояти Хатлон, 97 нусха адабиёт ба ВАБК ва 1080 нусха адабиёт ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.
Дар ин муддат кормандони шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ- иттилоотӣ 496 нусха китобро дар ҳаҷми 269075 саҳифа нусхабардорӣ карданд ва ба формати pdf баргардониданд ва ба хазинаи электронӣ ҳамроҳ намуданд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2018 Баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба забони давлатӣ дар ҳаҷми 160 саҳифа, китоби “Таърихи Бухоро, Хўқанд ва Қошғар”, китоби “Вожасозии таърихии забони форсӣ”, “Феҳристи дастнависҳои тоҷикӣ-форсӣ” (ҷилдҳои 1-2 барои чопи дуюм), дастурҳои библиографии “85-солагии китобхонаҳои Тоҷикистон: феҳристи адабиёт”, “Фазлиддин Муҳамадиев: феҳристи адабиёт”, “Китобҳо оид ба Тоҷикистон: феҳристи адабиёт”, “Ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон”, “Ҳунарҳои мардумӣ ифтихори миллат”, “Арбобони илми тоҷик (асри ХХ –аввали асри ХХ1): энсиклопедия”, “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” ба чоп омода карда шуданд.
Китобҳои “Забон бозтоби замон, фарҳанг ва андеша”, “Шеъри муосири Эрон аз Баҳор то Шаҳриёр”, “Табақоти Носирӣ” (ҷилди аввал), нусхаи хаттии “Дастур-ул-илоҷ” аз хати арабиасоси форсӣ баргардон шуд.
Аз тарафи шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ баргардон ва ба нашр омода намудани «Фарҳанги рўзи сухан» идома дорад. Таҳрири ниҳоии ҳарфҳои “Ҳо”, “Х”, “Ҷ”, “Ч”, “Итқӣ”. “Изғӣ”, “Р”, “М” ва “Ш” дар ҳаҷми 600 саҳифа ба охир расид. Феҳристи “Библиографияи забоншиносӣ” дар ҳаҷми 545 саҳифа ва китоби “Динкарт” дар ҳаҷми 335 саҳифа таҳрир ва 6 ҷузъи китоби “Аҷоибнома”-и Закариёи Қазвинӣ баргардон карда шуд.
Дар Маркази такмили ихтисоси Китобхона дар шашмоҳаи аввали соли 2018 давраи омўзишии феҳристнигорӣ ва курси омўзишии таснифоти даҳгонаи универсалиро (ТДУ) 84 нафар кормандони Китобхона хатм намуда соҳиби сертификат гардиданд. 15 нафар корманди Китобхона курси омўзишии лоиҳакаширо хатм намуданд. 7 нафар кормандони соҳаи маорифи ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Китобхона дар моҳи майи соли равон курси омўзишии фаъолияти китобдориро гузаштанд ва соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Дар Китобхонаи миллӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2018-ум 108 чорабинӣ баргузор гардид, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2017-ум 50 чорабинӣ зиёд аст.