“Китобхонаи миллӣ ва таҳкими арзишҳои Истиқлолият”
Нашр шуд 2018-09-06 17:29
Имрӯз қабл аз зӯҳр бо ибтикори ташкилоти ибтидоии “Китобдор” –и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар ба ҷашни Истиқлолият ва “Рузи Китоб” таҳти унвони “Китобхонаи миллӣ ва таҳкими арзишҳои Истиқлолият” доир гардид.
Мизи мудавварро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода оғоз намуда, зикр намуд, ки “ҷашни китоб ҷашни бузург аст, аммо ҷашни Истиқлолият ҷашни муқаддас. Дар дунё садҳо халқиятҳое ҳастанд, ки ба орзуи истиқлолиятанд. Бояд қайд намоем, ки баъди 1100 - сол мо истиқлолияти давлатӣ ба даст овардем. Китобхонаи миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги фарҳангии замони Истиқлолият аст. Ин боргоҳи бузурги таъриху фарҳанг дар Осиёи Марказӣ беназир буда, сарчашмаву сархати пайдоиши Рузи китоб дар ҷумҳурӣ мебошад”.
Баъдан, маърӯзаҳои намояндаи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Хайём Амонов дар мавзӯи “Арзишҳои Истиқлолият”, Директори КВД “Савдои китоб” –и Вазорати фарҳанг Сироҷиддин Икромӣ “Дастовардҳои ноширони кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ”, муовини директори нашрияи Шарқи озод Умари Шерхон “Матбуоти даврони истиқлол” шунида шуд.
Дар атрофи маърӯзаҳо табодули афкор сурат гирифт.
Дар охир, қисмати суолу ҷавоб сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО