Толорҳои хониши пуродам дар аксҳои Хусрави Милод
Нашр шуд 2018-06-06 14:32
Оғози тобистон ва шурӯъи фасли гармо барои донишомӯзон рӯзҳои имтиҳонсупорианд. Андӯхтаҳои шаш моҳи охирро бояд ҷамъбаст кунанд ва раванд ба таътили тобистона. Муддати ҳудудан се моҳи дигар рӯзу ҳафтаҳои тафреҳ, машғул шудан ба корҳои берун аз хониш.
Ва дар ин рӯзҳо чун анъана толорҳои Китобхонаи миллӣ пуродаманд. Баъзан теъдоди хонандагон ба ҳадде зиёданд, ки барои баъзеҳо ҷойи нишаст ҳам намерасад. Бо вуҷуди он ки Китобхонаи миллӣ дорои толорҳои хониши зиёдест, ки бо муҳимтарин василаҳои хониш муҷаҳҳазанд.
Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз вуруди бесобиқаи хонадагон ба Китобхонаи миллӣ ҳикоят мекунанд.