Озмуни математикаи зеҳнӣ ҷамъбаст шуд

Субҳи имрӯз  Олимпиада оид ба математикаи зеҳнӣ, ки бо ташаббуси Маркази байналмилалию омӯзишии “Шенмо” дар ҳамкорӣ бо маркази Конфутсий дар Гӯшаи фарҳангии Чини Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар Олимпиада 32 нафар кӯдакону наврасон ширкат доштанд, ки миёни онҳо 27 нафар аз мактаб гимназияи тоҷикию русии ба номи “Ҳотам ва П.В” буданд. Миёни ширкаткунандагон 12 нафар сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.

Ғолибони Олимпиада бо сертификатҳо қадрдонӣ шуданд.

Математикаи зеҳнӣ чӣ аст? 

Математикаи зеҳнӣ ин қобилияти баланди ҳисобу китоб намудани рақамҳои арифметикиро ба воситаи ангуштон дар як муддати кӯтоҳ ба роҳ мемонад.

Яке аз роҳҳои рушди математикаи зеҳнӣ ин ташкил ва ба роҳ мондани олимпиадаҳои байналмилалӣ мебошад, ки ҳоло дар тамоми ҷаҳон маъмул аст.

Пӯшида нест, ки омӯзиши математикаи зеҳнӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак хуб мусоидат менамояд.

Дар чорабиниии мазкур донишҷуёни донишгоҳҳо ва хонандагони мактабу гимназияҳои кишвар ширкат карданд.

Фарзонаи МИРЗО