Ҳамчуноне хабар додем, субҳи 14-уми ноябри соли равон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ бахшида ба “Рўзи Президент” таҳти унвони “Ифтихор аз ибтикороти Пешвои миллат” мизи мудаввар баргузор гардид. Ва дар ҳошияи он ғолибони ду озмун дар Китобхонаи миллӣ муайян шуданд. Озмуни “Китобдори сол” ва “Хонандаи беҳтарин” ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” - и Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ гардиданд.
Субҳи имрӯз бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ бахшида ба “Рўзи Президент” таҳти унвони “Ифтихор аз ибтикороти Пешвои миллат” мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, доктори илми педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода оғоз намуд.