Дар ҳошияи ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент ғолибони ду озмун дар Китобхонаи миллӣ муайян шуданд
Нашр шуд 2018-11-14 15:52
Субҳи имрӯз бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ бахшида ба “Рўзи Президент” таҳти унвони “Ифтихор аз ибтикороти Пешвои миллат” мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, доктори илми педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода оғоз намуд.
Абдусалом Мирализода дар бораи Рӯзи Президент мухтасар маълумот дод ва дар бораи хизматҳои шоистаи Пешвои миллат чун як шахсияти истиноӣ, ки аз як даврони бебандуборӣ кишвари даргири ҷангро ба замони рушду нумуъи вай расонд, нақл кард. Профессор Мирализода гуфт, ки рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо дар ҳамин 10 соли охир басо назаррас аст ва он ки дар наздиктарин фурсат бо ба кор даромадани чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун кишвар аз бунбасти энержӣ раҳо меёбад, ин ҳама хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон таҳти унвони “Асолати миллӣ дар осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” маъруза кард.
Ҳамзамон сардори раёсати таҳқиқоти масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор, Абдураҳмон Қурбонов ширкат ва суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ озмуни “Китобдори сол” ва “Хонандаи беҳтарин” ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” - и Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар номинатсияи «Китобдори сол» Гран–при насиби сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории китоб Валиев Ҷамил Аминович гардид.
Ҷои якум – мутахассиси пешбари шуъбаи нигоҳдории депозиторӣ Надиров Сайзароб
Ҷои дуюм – мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён Саидзода Исмоил
Ҷои сеюм насиби сардори шуъбаи кўдакон ва наврасон Толибова Назира шуд.
Ҳамчунин 5 нафар кормандони Китобхона бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд:
Номинатсияи «Хонандаи беҳтарин»-и Китобхона миёни хонандагони хурдсол ва калонсол низ ҷамъбаст гардид. Миёни хурдсолон Абдуллоев Амирҳамза – хонандаи синфи 7 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 шаҳри Турсунзода (ҷойи аввал), Давлатмуродова Саида – хонандаи синфи 7 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 ш. Душанбе (ҷойи дуюм) ва Собиров Ҳикматулло – хонанадаи синфи 11 Колеҷи рассомии ба номи М. Олимов (ҷойи сеюм) ғолиб омаданд.
Миёни бузургсолон Бобоев Раҳимқул – олими соҳаи физика, Амонов Шаҳбоз - донишҷӯи соли сеюми факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ҷунайдов Амиршоҳ – донишҷуи соли чоруми факултаи фалсафаи Донишгоҳи Милии Тоҷикистон се ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Ҳамчунин хонандагони фаъоли зерин бо сипосномаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд:
Дар доираи чорабинии мазкур намоиши китоб дар мавзўҳои “Асарҳои Президент”, “Силсилаи китобҳои «Тоҷнома»” ва “Об манбаи ҳаёт”, инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор шуд.