Бо ҳамин ном ахиран китоби Маҳмадулло Раҷабзода ва Гавҳар Мухторова зери таҳрири профессор У.Р.Юлдошев ба нашр расид.
Дар китоб муаллифон 70 рисолаи илмиро мавриди таҳлил қарор додаву андешаҳо ва хулосаҳои худро атрофи онҳо навиштаанд. Маҳмадулло Раҷабзода ва Гавҳар Мухторова мутахассисони фаҳмидаву донишманди илмҳои педагогианд.
Китоб дар нашриёти “Ирфон” ба теъдоди 550 нусха ба нашр раисдааст.
Ҷўроббофӣ як намуди ҳунари бофандагӣ буда, аз ҳунарҳои суннатии бонувони кўҳистон мебошад. Ин ҳунар бештар дар ноҳияҳои минтақаи кўҳӣ рушд ёфтааст, зеро он ба коркарди нахи пашмин марбут аст. Тавре ки сарчашмаҳои таърихию мардумшиносӣ иттилоъ медиҳанд, ҷўроббофӣ дар охирҳои садаи ХIХ дар Бадахшони Тоҷикистон маъмул будааст.
Барои бофтани ҷуроб ҳунармандон, асосан, аз сихҳои махсус истифода мебаранд ва ҷуробҳо бо тарзҳои дусиха, сесиха, чорсиха бофта мешавад. Замонҳои пеш онро аз химчаи чўбҳои сахт, бахусус дарахти тўғ тайёр мекарданд, ки он ҳам устои махсуси худро дошт. Дар баъзе деҳаҳои дурдасти кўҳистон ҳоло ҳам занони куҳансол ёфт мешаванд, ки аз сихҳои
Дар бораи Нуруллоҳи Абдуллоҳ сухан гуфтан шояд чандон мушкил набошад. Зеро замоне аз чеҳраҳое буд, ки ҳаддиақал ҳар ҳафта дар телевизион бо барномаи басо диданиву ҷолиби “Беғараз панд” ҳувайдо мешуд. Ва мардум ба ҳарфаш ва ба насиҳатҳояш бовар мекунанд, чун аз сидқ сухан мекунад, ҳар саҳнаи пешниҳодиро шарҳи хубе медиҳад.
Аммо ӯ танҳо насиҳатгӯи саҳнаҳои “Буғараз панд” нест, балки ҳунармандест, ки миёни
Сарвар Амирҷонов умри зиёд надид. Дар баҳорои 48-уми умр аз олам даргузашт. Замоне тарки дунё кард, ки нав шеърҳояш ба дили хонандагонаш роҳ ёфтаву нахустин китобҳояш чоп шуда буданд. Аммо дар ин умри кутоҳ ҳам тавонист бо ашъори тозаву дилкаш ва тарҷумаҳои хубаш умри худро ҷовид гардонад.
Сарвар Амирҷонов 12 ноябри соли 1938 дар