Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ҶЎРОББОФӢ
Ҷўроббофӣ як намуди ҳунари бофандагӣ буда, аз ҳунарҳои суннатии бонувони кўҳистон мебошад. Ин ҳунар бештар дар ноҳияҳои минтақаи кўҳӣ рушд ёфтааст, зеро он ба коркарди нахи пашмин марбут аст. Тавре ки сарчашмаҳои таърихию мардумшиносӣ иттилоъ медиҳанд, ҷўроббофӣ дар охирҳои садаи ХIХ дар Бадахшони Тоҷикистон маъмул будааст.
Барои бофтани ҷуроб ҳунармандон, асосан, аз сихҳои махсус истифода мебаранд ва ҷуробҳо бо тарзҳои дусиха, сесиха, чорсиха бофта мешавад. Замонҳои пеш онро аз химчаи чўбҳои сахт, бахусус дарахти тўғ тайёр мекарданд, ки он ҳам устои махсуси худро дошт. Дар баъзе деҳаҳои дурдасти кўҳистон ҳоло ҳам занони куҳансол ёфт мешаванд, ки аз сихҳои чўбини қадимӣ истифода мекунанд. Вале ҷои сихҳои чўбиро сихҳои симин гирифтаанд.
Пашми гўсфанд барои таҳияи ҷуроб ашёи хоми асосӣ ба ҳисоб меравад. Аммо ғайр аз пашми гўсфанд пашми буз ва қутосро низ ба кор мебаранд. Дар баробари ин худи ҳунармандон вазифаи ресиданро низ иҷро мекунанд. Риштаи ресидашударо бо рангҳои табиӣ ранг мекунанд. Барои бофтани ҷуроб пашми дар фасли баҳор тарошидашуда бештар истифода мешавад. Зеро он мулоим буда, ресиданаш ҳам осон ва ҷуробе, ки аз ин гуна ришта бофта мешавад, босифат аст.
Ҷуробро асосан вобаста ба иқлим дар шаклҳои гуногун, баъзан то зону ва ҳатто аз зону боло мебофанд. Ҷуроби аз зону болоро танҳо аз рўи фармоиши чўпонону шикорчиён таҳия мекунанд. Дар замонҳои пеш дар таги ҷуробҳо мисли кашф пораи алоҳидаи бофташударо илова мекарданд. Баъди ба вуҷуд омадани пойафзолҳои замонавӣ омода намудани он қисм оҳиста- оҳиста аз байн рафт.
Дар баъзе ноҳияҳои кишвар бо вуҷуди мушкил ва заҳматталаб будан ҷуробро яклухт мебофанд. Ҷуроби армуғониро бо иловаи риштаҳои симӣ мебофанд, ки ҳангоми ҷашнҳои оилавӣ, зодрўз ва тўйҳо ҳамчун туҳфа ба наздикон тақдим мекунанд.
Дар соқи ҷуробҳо нақшу нигорҳои гуногун дида мешаванд, ки ба номашон хеле мувофиқанд. Аслан ҷуробро вобаста ба нақшу нигораш номгузорӣ мекунанд. Масалан, “Аждапайкар”, “Аловгул”, “Паритовус”, “Синаи боз”, “Чархгардонак”, “Пайи пишак”, “Гандумак”, “Занҷирак”, “Камони Рустам”, “Шамшодгул”, “Абри сари кўҳ”, “Чапу рост”, “Лолагул”, “Садбарг” ва ғайра.
Махсусан, гули “Аждар” ва “Алов” дар санъати ҷуроббофии мардуми тоҷик нақши муҳим мебозад. Чунки гули “Аждар” ва “Алов” нишонаи ориёӣ мебошанд. Ҳам дар ҷуробҳои пешина ва ҳам ҳозира тасвири ин ду нақш васеъ ба назар мерасад. Дар баробари ин дар қисми зиёди ҷўробҳо нақши салиб хело равшану возеҳ ба назар мерасад, ки он ҳам аз даврони бостон анъана шудааст.
Ҷуроби занона аз ҷуроби мардона бо нақшу нигор ва андозааш тафовут дорад. Дар ҷўроби арўсӣ ба ҷуз нақшу нигор риштаҳои симин низ илова мекунанд. Ҷуробҳои кўдакону наврасон бо гулҳои реза – реза оро дода мешавад.
Дар замони муосир низ дар ноҳияҳои мухталифи кишвар ҳунармандон аз нақшҳои қадимӣ ба таври васеъ истифода мекунанд. Бо вуҷуди ин ҷуробҳое вомехўранд, ки нақшу нигорашон навоварона мебошанд.
Сабаби то имрўз идома доштани ин ҳунар пеш аз ҳама дар фаровон будани ашёи хом, инчунин талаботи мардуми маҳаллӣ ва таваҷҷуҳи хориҷиён ба маҳсулоти мазкур мебошад.
Бозчоп аз китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон”. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 162-163.
Дар бораи ин санъати мардумӣ боз ин матолибро дар Китобхонаи миллӣ суроғ кунед:
Ҷўроббофӣ // Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 162-163.
Амирбеков, О. Ҷўробҳои рангоранг: Дар бораи ҷўроббофии фабрикаи дузандагии шаҳри Хоруғ Р. Алиназарова // Бадахшон. – 1989. – 8 сентябр.
Саъдуллоева, М. “Одамон ба якдигар меҳрубон бошед”: даъват мекунанд сарвари сехи ширкати ҷўроббофии “Нафиса” – и пойтахт / Нигориши У. Худойназаров // Тоҷикистон. – 1994. – 25 феврал.
Содиқова, Р. Чӣ ҳол дорӣ “Нафиса”?: Аз вазъи кунунии фирмаи ҷўроббофии пойтахт / Таҳияи Б. Абдулвоҳидов // Садои мардум. – 1994. – 27 июл.
Нозумова, М. Ҳунари ҷўроббофии мардуми Бадахшон: Дар Бадахшон ҳунари ҷўроббофӣ яке аз расму оинҳои қадимаест // Паёмномаи фарҳанг. – 2011. – №2. – С. 79-80.
Ҳунарҳои мардумӣ – ҷузъи фарҳанги миллат: Ҷўроббофӣ дар Бадахшон // Омўзгор. – 2018. – 1 март.
Ҷўроббофӣ дар Бадахшон: Дар бораи бонувони ҷўроббофи Бадахшон // Шуғл ва муҳоҷират. – 2018. – 6 март.
Хайруллоев, Н. Ҷўроббофӣ дўхтани “Пакол”, Куртаҳои қадима ва намадмолӣ дар Бадахшон авҷ мегирад: Оид ба ҳунари қадимаи мардуми Бадахшон // Шуғл ва муҳоҷират. – 2018. – 16 март.
Таҳияи Фируза Восиева
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ