Ҳабибулло Абдураззоқов дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт
Субҳи имрӯз ҳунарманди маъруф, яке аз шаҳсутунҳои театр ва синамои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов дар синни 84 - солагӣ, дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандонаш дар Фейсбук хабар доданд. Ҳабибулло Абдураззоқов бидуни шак як чеҳраи мондагори санъати театр ва кинои тоҷик аст, ки муддати бештар аз 60 соли охир бо офаридани чеҳраҳои зиёд миёни мардум маъруфияти хос дошт. Хонаи охирати ҳунарм анди нотакрор обод бошад.
Ҳабибулло Абдураззоқов 7 ноябри соли 1937 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Соли 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи Москва факултети актёриро хатм кардааст. Соли 1964 курси олии режиссёрии Академияи санъати шаҳри Москваро хатм кардааст.
Солҳои 1960-1961 Актёри Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин шаҳри Ленинобод (ҳозира Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ) кор кардааст. Солҳои 1961-1969 актёр ва режиссёри Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, солҳои 1969-1971 саррежиссёри Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин ва соли 1971-73 Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, соли 1973-1975 актёр ва режиссёри киностудияи «Тоҷикфилм”, соли 1975-2002 актёри Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ. Аз соли 2002 директор ва роҳбари бадеии Театри «Падида».
Солҳои 1987-1990 раиси Иттифоқи арбобони Тоҷикистон буд.
Абдураззоқ яке аз беҳтарин бозандагони ролҳои классикӣ ва дорои хусусиятҳои миллӣ дар театру кино мебошад. Нақшҳои беҳтарини Абдураззоқов дар саҳнаи театрҳо: Любим Торсов (“Камбағали айб нест»-и А. Н. Островский, 1960), Ёдгор («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ 1961), Файзуллоҷон («Иродаи зан»-и А. Сидқӣ, 1962), Афросиёб («Рустам ва Суҳроб»-и Ғанӣ Абдулло, 1966), Низомиддин («Дилҳои сӯзон»-и Ҷ. Икромӣ, 1967) ва ғайра мебошанд
Истеъдоди фитрии Ҳабибулло Абдураззоқов инчунин ҳангоми эҷоди як қатор нақшҳо дар киноитоҷик хеле хуб зоҳир гардидааст:
Баҳриддин («Марги судхӯр», 1965)
Ҳайдар («Чор нафар аз Чорсанг», 1973)
Мухторов («Истгоҳи кӯҳӣ», 1974)
Асаншоҳ («Субҳи Ганг», 1975)
Корвонбошӣ («Дарвеши ланг», 1986)
Неъматуллохон («Дар орзуи падар», 2005)
Ҳисоми тоҷик (силсилафилми телевизионии эронии «Дар чашми бод», 2007)
сардори роҳзанҳо (силсилафилми телевизионии эронии «Шукрона», 2008) ва ғайра.
Санъати коргардонии Ҳабибулло Абдураззоқов бо хусусияти пайванд кардани суннатҳои мардумӣ ва воситаҳои театрии муосир фарқ мекунад, ки намунааш инҳост:
«Кӯпрук»-и Фотеҳ Ниёзӣ,
«Карим-девона»-и Турахон Аҳмадхонов
«Вақте ки шаҳр хуфта буд»-и А. Чхеидзе
«Дар чорсӯ»-и Нур Табаров ва ғайра.
Абдураззоқов дар тарбияи ҳунармандон ва кормандони эҷодии соҳаи театр саҳми калон гузоштааст. Соли 1980 бо ордени Дўстии халқҳо”, Дўстӣ (1998), медали Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Това Граммотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИК Тоҷикистон аз соли 1971.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии Тоҷик”. (Муаллиф: Н. Шарипов) – Душанбе, 2011. – С. 45-46. Ва Донишномаи озод
Дар бораи ҳунарманди маъруф дар Китобхонаи Миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Ҳамкорӣ: Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Ҳ. Абдураззоқов бо коллективи Театри академии ба номи Муллонепеси РСС Туркманистон асари драматурги А. Табаровро таҳия намуд // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 26 декабр.
Амиршоев, М. Роҳи худсозию худафрўзӣ: Аз ҳаёт ва фаъолияти Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Ҳ. Абдуразоқов // Роҳи ленинӣ. – 1987. – 18 июл.
“Эдик” дар Театри “Дўстии халқҳо”: Сўҳбат бо раиси Иттиҳоди ходимони Театри республика, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Ҳ. Абдураззоқов // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 16 феврал.
Зиндагии моро кӣ зишт месозад: Мусоҳибаи мухбир Ю. Роев бо Раиси Иттифоқи ходимони театр Ҳ. Абдураззоқов // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1992. – 7 январ.
Ман театрро тарк накардаам: Сўҳбати Меҳрафзун бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов // Чархи гардун. – 2004. – 6 феврал.
Инсон бузургтар аз ҳунараш аст: Сўҳбати Б. Қодирдўхт бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов // Ҷумҳурият. – 2006. – 10 июн.
Табаров, Н. Шиновари уқёнуси ҳунар: Ба ифтихори ҷашни 70-солагии Ҳабибулло Абдураззоқов // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 1 феврал.Дар авлоди мо касе насиҳатгар набуд: Мусоҳибаи Ш. Тошева бо Ҳунарманди шинохтаи театр Ҳ. Абдураззоқов ва бо ҳамсарашон корманди халқии Тоҷикистон Шарофат Рашидова // Чархи гардун. – 2008. – 12 июн.
Розиқов, А. Марде дар шаҳре: “Зиндагинома”-и Ҳабибулло Абдуразоқов // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 24 сентябр.
Саидзода, О. Театри як ҳунарпеша: Оид ба фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов // Адабиёт ва санъат. – 2918. – 27 сентябр.
Метавонистам Станиславский ва Ноширович Данченкои тоҷик бошам: Мусоҳибаи А. Гаджиев бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 28 ноябр.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ