Академик Раҷаб Амонов-донишманд ва суханшиноси соҳибмактаб
Академик Раҷаб Амонов аз матраҳтарин чеҳраҳои илмии тоҷик дар нимаи дуюми садаи ХХ буд. Олиме, ки ҷавонии худро дар ҷабаҳоти ҷанг зидди фашизм гузаронд ва баъди бозгашти сарбаландона ҷабҳаи пажуҳишу фарҳанг ва илмро майдони амал қарор дод.
Адабиётшиноси намоён, фолклоршинос, мунаққид доктори илмҳои филология, академики Академияи фанҳои Тоҷикистон ва адиб Раҷаб Амонов 1-уми августи соли 1923 дар оилаи мўзадўз дар шаҳри Ўротеппа (ҳозира Истаравшан) ба дунё омадааст.
Раҷаб Амонов омўзишгоҳи Ўротеппа (соли 1938) ва Институти давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи Айнӣ, соли 1947)- ро хатм намудааст.
Ў иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, пас аз хатми аспирантура дар соли 1951 ҳамчун ходими илмӣ ва баъдан дар соли 1958 мудири шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи фанҳои Тоҷикистон ифои вазифа менамояд.
Аввалин асарҳояш солҳои 40-уми асри XX ба табъ мерасанд. Ў ҳамчун олим ва адиб бештар аз 400 асари илмиву адабӣ офаридааст, ки муҳимтарини онҳо рисолаҳои илмии «Очерки эҷодиёти даҳанакии Кўлоб» (соли 1963), «Лирикаи халқи тоҷик» (соли 1968) ва «Адабиёти бачагона» (соли 1982), маҷмуаҳои фолклории «Эҷодиёти даҳонакии аҳолии Кўлоб» (солҳои 1956, 1963), «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон» (соли 1960), «Фолклори диёри Рўдакӣ» (бо ҳамроҳии М. Шукуров, солҳои 1958, 1963), «Афсонаҳои халқии тоҷик» (бо ҳамроҳии К. Улуғзода, солҳои 1957, 1959, 1960), китоби «Рубоиёти халқии тоҷик ва рамзҳои бадеӣ» (соли 1987) ҳикояву очеркҳои бадеӣ, повестҳои «Дар домани кўҳҳои кабуд» (соли 1961), «Дар нимароҳи умр» (соли 1985) ва очеркҳои илмию бадеии «Аз паи ҳикмати халқ» (соли 1963), асари ёддоштии «Аз тирамоҳ то тирамоҳ» (соли 1974), ки баъдтар бо номи «Навбаҳори чашмасор» интишор ёфтааст, мебошанд.
Беҳтарин асарҳои бадеии ў дар китоби «Шарораҳои меҳр» (1983) ва қиссаву ҳикояҳояш дар «Қиссаҳои сари кўҳи баланд» (соли 1990), «Пушаймонӣ» (соли 1993), «Арўс ва ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя» (соли 1996), «Қиссаҳои диёри чашмасор» (соли 1995), «Ишқи найнавоз» (соли 1996) ва ғайраҳо гирдоварӣ шудаанд.
Образҳои бадеии асарҳои ў симои одамони одӣ, заҳматкашону зиёиён ва олимони тоҷикро таҷассум намуда, ҳастии маънавӣ, ахлоқу одоб, заковату фарҳанг ва таҷрибаҳои ибратбахши зиндагии мардуми тоҷикро ба обуранги бадеӣ баён мекунанд ва онҳо барои тарбияи ҷавонони имрўза саҳми муносиб мегузоранд. Ў барои насли наврас низ асар эҷод кардааст, ки онҳо дар маҷмуаҳои «Афсонаҳо барои бачаҳо» (соли 1958), «Ҳафт додарон» (соли 1962), «Лаку Пак» (соли 1966), «Меҳрбону» (соли 1968), «Фариштамоҳ» (соли 1969), «Ҳасанак» (соли 1972) ва ғайра ҷойгир карда шудаанд.
Ў солҳои зиёд дар макотиби олии ҷумҳурӣ дарс гуфта, китобҳои дарсӣ низ таълиф намудааст: «Китоби хониш» (барои синфи 3, 1951-85), «Адабиёти Ватан» (барои синфи 6, 1953-85), «Эҷодиёти даҳонакии халқ» (барои мактабҳои олӣ, бо ҳамроҳии В. Асрорӣ, 1980, 1983, 1985) ва ғайра.
Барои инъикоси васеи зиндагиномаю фаъолияти илмию эҷодии ў маводи очеркҳои Б. Тилавов дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С.151) ва «Энциклопедияи советии тоҷик» (Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С.164) ва библиографияи «Раҷаб Амонов» (Душанбе, 1983) хеле кумак мерасонанд.
Раҷаб Амонов аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони СССР буд.
Ў барандаи Ҷоизаи адабии С. Айнӣ (соли 1995) ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино (соли 1997) мебошад.
Раҷаб Амонов 27 майи соли 2002 дар синни 79-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.
Бозчоп аз «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими ҶТ». – Душанбе: Эҷод, 2007. – С. 36-38.
Аз Раҷаб Амонов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед бихонед:
Осор
Очерки эҷодиёти даҳонакии Кўлоб: Дар асоси материалҳои фолклори Сари Хосор. – Душанбе: Нашриёти АФ РСС Тоҷикистон, 1963. – 348 с.
Лирикаи халқи тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1968. – 410 с.
Афсонаи сеҳазорсола: Очеркҳои илмию бадеӣ. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 131 с.
Аҳамияти ватандўстонаи эпоси қаҳрамони халқи тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1978. – 26 с.
Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик. – Душанбе: Маориф, 1980. – 304 с.
Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд / Барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1980. – 120 с.
Байтҳои халқии тоҷик / Тартибдиҳанда Н. Азимов; Муҳаррир Р. Амонов. – Душанбе: Дониш, 1982. – 176 с.
Шарораҳои меҳр: Ҳикояҳо ва очеркҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 432 с.
Зарбулмасалҳои машҳур / Тартибдиҳанда Б. Тилавов; Муҳаррири масъул Р. Амонов. – Душанбе: Дониш, 1983. – 127 с.
Ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати бадеӣ: Маҷмуаи мақолаҳо. – Душанбе: Дониш, 1984. – 352 с.
Ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати бадеӣ: Маҷмуаи мақолаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 352 с.
Сарвати маънавӣ: Проблемаҳои ҷамъоварии дурдонаҳои эҷодиёти даҳанакии халқ // Хрестоматия доир ба сабақҳои тарбия. – Душанбе, 1985. – С.50-52.
Рўбоҳи ҳилагар: Афсонаҳои халқии тоҷик / Барои бачагони синни томактабӣ; Таҳрир ва такмили Р. Амонов. – Душанбе: Маориф, 1985. – 16 с.
Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ. – Душанбе: Дониш, 1987. – 296 с.
Китоби хониш: Барои синфи 3 (Нашри XII). – Душанбе: Маориф, 1987. – 223 с.
Дар нимароҳи умр: Повест. – Душанбе: Адиб, 1988. – 224 с.
Қиссаҳои сари кўҳи баланд. – Душанбе: Адиб, 1990. – 256 с.
Пушаймонӣ: Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 1993. – 176 с.
Нимкосаҳои таги коса: Маҷмуа. – Душанбе, 1994. – 56 с.
Қиссаҳои диёри чашмасор: Ёддошт ва хотираҳо. – Душанбе: Адиб, 1995. – 382 с.
Омилҳои Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон. – Душанбе: Шарқи озод, 1999. – 31 с.
Зиндагӣ саршори мардонагӣ: Ба истиқболи 55- солагии ҷашни фархундаи Ғалаба. – Душанбе: Ирфон, 2000. – 144 с.
Кайкак: Афсонаи халқии тоҷикӣ / Ҳозиркунандаи чоп Р. Амонов // Машъал. – 1975. – №2. – С.11-14.
Ҳикояи най: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 1979. – №9. – С.8-40.
Дарси забони русӣ: Ҳикояи воқеӣ // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 6 ноябр.
Афсонагў афсона гўй // Машъал. – 1982. – №2. – С.13.
Ятимбача ва ҳоҷа: Афсонаи халқ / Таҳрир ва такмили Р. Амонов // Машъал. – 1982. – №2. – С.14.
Хоҳиши Мушфиқӣ; Маслиҳат: Латифаҳо // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 4 апрел.
Сандалича: Ҳикояи воқеӣ // Газетаи муаллимон. – 1985. – 12 ноябр.
Дастаи лолаи тар: Мухтасар дар бораи эҷодиёти Гулчеҳра Сулаймонова // Машъал. – 1988. – №1. – С.6.
Масъалаҳои насри муосир // Садои Шарқ. – 1988. – №4. – С.110-115.
Ҳусни сухан аз ҳусни тадбир: Оид ба масъалаи забони тоҷикӣ // Занони Тоҷикистон. – 1989. – №2. – С.7.
Девбарзангӣ: Афсона / Таҳрир ва таҳияи Р. Амонов //Анбоз. – 1993. – 3 март.
Дур аз Ватану ҷудо зи ёрон мурдем: Андешаҳои доктори илми филологӣ, академик, профессор Р. Амонов оид ба рубоиҳои халқие, ки дар мавзуи ғарибӣ эҷод шудаанд // Ҷумҳурият. – 1993. – 25-26 сентябр.
Ваҳдат ғояи асосии миллату давлат: Мусоҳибаи М.Сафар бо академик Раҷаб Амонов // Паёми Душанбе. – 1998. – 23 октябр.
Номаи изтиробу умед. Ба пешвози маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагон // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 19 май.
Адабиёт дар бораи адиб
Раҷаб Амонов: Мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёт. – Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1966. – С. 39-41.
Тилавов, Б. Амонов Раҷаб // Энциклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С.164.
Тилавов, Б. Амонов Раҷаб // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С.151.
Раҷаб Амонов // Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома. – Душанбе: Адиб, 2003. – С.87-89.
Тилавов, Б. Нависанда ва олим: Олими номии тоҷик, Аълочии маорифи халқ, устоди донишгоҳҳои ҷумҳурӣ профессор Р. Амонов // Садои Шарқ. – 1983. – №8. – С.106-112.
Олими олами бачаҳо: Ба муносибати 60- солагии доктори илми филология, профессор Р. Амонов // Машъал. – 1983. – №9. – С.12.
Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба олими номдори тоҷик, адиб, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Раҷаб Амонов ҷоизаи Абўалӣ ибни Сино супорида шуд // Адабиёт ва санъат. – 1997. – 20 март.
Назриев, Ҷ. Неъмате беҳтар аз рафиқ куҷост?: Ёде аз академик Раҷаб Амонов // Садои мардум. – 2003. – 26 июл.
Раҳмонӣ, Р. Ёде аз Раҷаб Амонов, пажуҳишгари фарҳанги мардум. Оид ба ҳаёт ва фаъолияти профессор ва фолклоршиноси тоҷик Раҷаб Амонов // Чархи гардун. – 2013. – 4 декабр.
Фатҳуллоев, С. Абармарди илму фарҳанг: 90-солагии зодрўзи шодравон академик Раҷаб Амонов // Тоҷикистон. – 2013. – 5 декабр.
Мирзоева, Ш., Умарова, Ш. Хазинадори марворидҳои мардумӣ. Аз кор ва фаъолияти фолклоршинос, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Раҷаб Амонов // Ҷумҳурият. – 2013. – 5 декабр.
Раҳимов, Д. Раҷаб Амонов ва фолклоршиносии тоҷик: Ёднома // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 5 декабр.
Набиев, А. Донишманд ва суханшиноси соҳибмактаб: Дар бораи фаъолият ва эҷодиёти устод Раҷаб Амонов // Минбари халқ. – 2014. – 2 январ.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ