Мухтасар дар бораи Ғазолии Ҳиравӣ, Ғазолии Ҷанбак ва Аҳмад ибни Исҳоқи Ғазонӣ

Ғазолии Ҳиравӣ шоири тоҷики асри 16. Дар зодгоҳаш таҳсили илм карда, ба камол расидааст. Дар шеър шогирди Ҳайдари Кулчапаз буд. Ба Ҳиндустон сафар карда, бо Ғазолии Машҳадӣ вохўрдааст. Бо ў дар хусуси тахаллуси «Ғазолӣ» карданашон мутоибаву баҳс мекардааст. Баҳс ба фоидаи Ғазолии Ҳиравӣ анҷом ёфтааст, чунки ў ин байти мақбулро гуфта, ғолиб омадааст:

              Назар сўяш накардам в-аз гирифторӣ ҳазар кардам,

              Вале худро гирифтори ту дидам, то назар кардам.

Аз намунаҳои боқимондаи ашъораш бармеояд, ки шоири тавоно, хушсухану хушадо, гўяндаи қасоиду ғазалҳои ғарро будааст. Абёти зер аз ўст:

              Чашмат, ки ба хунрезии ушшоқ саре дошт,

              Мекушт якерову назар бо дигаре дошт.

                                                      * **

             Аз сагони сари кўйи ту басе мунфаилам,

             Ки ба ҳамсуҳбатии ҳамчу мане сохтаанд.

                                                       * **

             Маъмураи дил шуд зи ту вайрон, ба кӣ гўям,          

             Шаҳре, ки хароб аст зи султон, ба кӣ гўям?

М. Диловаров

Ғазолии Ҷанбак

Шоири тоҷики асри 16. Аз намояндагони доираи адабии Ҳирот. Дар тазкираи «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин»- Авҳадӣ Ғазолии Ҷанбак чун шахси сухандону дорои табъи баланд ситуда шудааст. Инчунин зарофатгўю ҳаззол (шӯх) будааст. Дар эҷодиёташ нақизаҳо-ҷавобияҳо ба шеъри шоирони ҳамзамонаш ба назар мерасанд. Абёти зер намунаи шеъри ўст:

Дили пурхун зи бедоди ту рафтам,

Чунон рафтам, ки аз ёди ту рафтам.

Шаби ғам ҷон зи тан мерафту мегуфт,

Ки ман з-ин меҳнатободи ту рафтам.

С. Ализода.

Ғазонӣ

Аҳмад ибни Исҳоқи Ғазонӣ, ровии ҳадис. Абукомили Басрӣ гуфтааст, ки Ғазонӣ, ровии ҳадис. Абукомили Басрӣ гуфтааст, ки Ғазонӣ ҳамроҳи мо аз машоихи мо истимои ҳадис кардааст. Нисбаи ў аз Ғазона (номи яке аз деҳаҳои Бухоро) гирифта шудааст.

С. Шаҳобуддинов.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 26-27.

Таҳияи Манижа Раҷабова,

корманди библиографияи миллӣ.