Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: АСПАКБОЗӢ

Аспакбозӣ як навъ рақси мазҳакавии мардонаи тоҷикӣ мебошад, ки сужети онро тасвири малакаи аспсаворӣ ва рақсу бозии асп ташкил медиҳад. Дар рақси аспакбозӣ як нафар мард, ду нафар – марду зан ё гурўҳи раққосон иштирок мекунанд. Раққосон онро таҳти навозиши дойра, ё созҳои дастаи навозандагон иҷро менамоянд. Воситаи асосии аспакбозӣ пайкари чўбини асп мебошад. Аз чўб каллаи аспро тарошида, ба он гўш, чашм месозанд, ёлу дум мечаспонанд. Аспро бо рўймолҳои зебои силсиладор оро медиҳад.

Ҳар аспакбоз дар ин рақс маҳорати хоси худро нишон медиҳад. Беҳтарин раққосони аспакбозӣ ҳаракатҳои суннатии халқи тоҷикро нигоҳ дошта, онҳоро бо ҳаракатҳои импровизатсионӣ ғанӣ мегардонанд. Аспакбозиро бо мазмуну оҳангҳои мухталиф иҷро мекунанд. Чунончӣ, аспак аввал мусиқӣ гўш карда, аз он маст мешавад ва сипас ба рақс медарояд.

Мувофиқи сужети дигар, як гурўҳ аспакбозон ҷавлонзанон дар саҳна пайдо мешаванд. Духтаре дар замин рўймолеро партофта, шарт мегузорад. Ҷавонмардон мисли бозии бузкашӣ рўймолчаро аз замин бардоштанӣ мешаванд, ба якдигар халал мерасонанд ва ниҳоят яке ғолиб мебарояд.

Иҷрокунандаи рақси “Аспакбозӣ” кўшиш менамояд, ки дар саҳна ду образро инъикос кунад: яке симои худи савораи серғайрат ва дигарӣ аспаки чобуку шўх, ки мусиқиро ҳис мекунад ва бо зарби мусиқӣ мерақсад. Дар аспакбозӣ унсурҳои лирика, мазҳака, рақс ва пантомимаомезиш ёфтаанд.

Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 34. 

Таҳияи Нилуфар Валиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ