Акбар Махсумов: олиме, ки беҳтарин роҳбар будааст
Нашр шуд 2018-05-17 13:25
16 сол пеш қалби олими пуркори соҳаи кишоварзӣ Акбар Махсумов аз задан бозмонд. Акбар Махсумов донандаи хуби соҳа, олими пуркор буд, ки ҳам кори илмӣ мекард ва ҳам дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият дошт. Бо гузашти солҳо ҳамоно дастуру китобҳои ӯ дар пешрафти илми кишоварзии мамлакат хидмат мекунанд. Ва агар умр барояш вафо мекард, имсол ба синни мубораки 90 қадам мегузошт. Аз ӯ ёд мекунем.
Махсумов Акбар Нусратуллоевич 2 майи соли 1928 дар шаҳри Қўқанди РСС Ўзбекистон ба дунё омадааст. Ходими давлатӣ, ҷонишини раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1966), аъзо – корреспондент ВАСХНИЛ (аз 1967), академики АФ РСС Тоҷикистон (1963); аъзо – корреспондент (1962), Ходими хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1964). Аъзои КПСС аз соли 1959. Соли 1948 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (ҳоло Донишкадаи аграрӣ) хатм кардааст.
Солҳои 1948-1949 аграноми зироати техникӣ, 1949-1950 аграноми МТС-и ба номи Г. К. Орҷоникидзе, 1950-51 агрономи калони МТС-и ба номи В. П. Чкалови райони Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат), 1951-1952 ходими хурди илмӣ, 1952-1955 ходими калони илмӣ, 1955-1956 мудири шуъбаи агротехника ва директори Стансияи давлатии таҷрибавию селексионии Тоҷикистон, 1956-1959 мудири шуъбаи заминҳои лалмикорӣ, 1959-1961 ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣва 1961-1962 директори Институти тадқиқоти илмии зироати ВХҚ-и Тоҷикистон, 1962-1965 саркотиби илмии Президиуми АФ РСС Тоҷикистон, 1965-1971 Вазири хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон, 1971-1975 ноиб-президенти АФ РСС Тоҷикистон ва аз соли 1975 ҷонишини раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон буд.
Махсумов доир ба проблемаҳои истифода бурдан ва ба кор андохтани заминҳои лалмӣ, дам додану тамоми сол истифода бурдани замин ва ғайра бештар аз 80 асарҳои илмӣнавиштааст. Иштирокчии съездҳои 14–18-уми ПК Тоҷикистон. Дар анҷуманҳои 14–15-уми ПК Тоҷикистон аъзои комиссияи КМ ПК Тоҷикистон ва дар наҷуманҳои 16–19-уми ПК Тоҷикистон аъзои КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст. Вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 7– 10).
Доронадаи ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1967).
Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Револютсияи Октябр, ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Махсумов Акбар соли 2002 аз олам чашм пўшид.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи советии тоҷик” . – Душанбе, 1983. – Ҷ. 4. – С. 274.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Акбар Махсумов ин матолибро метавонед дарёфт кунед:
Дуруст истифода кардани фонди замин-асоси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ. – Душанбе: ХОЗУУД, 1978. – 26 с.
Юнучқакорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 63 с.
Юнучқаи лалмӣ. – Сталинобод: НДТ, 1959. – 14 с.
Шудгори замин ба кор бурдани пору. – Сталинобод, 1958. – 16 с.
Самараи меҳнати ҳалол: Нақли Вазири хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон // Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 30 декабр.
Бо роҳи тарақиёт: 50-соли мубориза барои бахту саодати халқ. – Душанбе, 1969. – С. 141-196.
Тантанаи сохти колхозӣ: Нақли Вазири хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 28 октябр.
Вазифаи ватандўстонаи мо: Инкишоф додани хоҷагии қишлоқи республика дар асоси қарори Пленуми июлии КМ КПСС // Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. – 1970. – №11. – С. 3-10.
Сиёсати аграрии партия дар амал: Доир ба хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон // Коммунисти Тоҷикистон. – 1976. – №1. – С. 23-29.
Ғалабаи калони меҳнаткашони деҳот: Нақли ҷонишини раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон доир ба хоҷагии қишлоқ // Роҳи ленинӣ. – 1978. – 5 декабр.
Ба сўи зафарҳои нав: Мақолаи ҷонишини Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон доир ба комёбиҳои коркунони хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 12 декабр.
Пудрати колективиро ҷасурона ҷорӣ намоем: Мақолаи ҷонишини Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон // Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. – 1985. – №9. – С. 3-8.
Дар хусуси азнавсозии ҷиддии пахтакорӣ, ки ба ҷорӣгардидани технологияи индустриалӣ мусоидат менамояд // Комплекси Агросаноатии Тоҷикистон. – 1988. – №1. – С. 3-9.
Илму амалро ҳамбастагӣ мебояд: Мақолаи раиси Комитети агросаноатии РСС Тоҷикистон ба пешвози съезди чоруми колхозчиён // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 15 январ.
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ