Ҳаштод соли Бурҳон Ғанӣ-адиби хушгуфтор ва ҷавонмарги тоҷик

Бурҳон Ғанӣ аз ҷумлаи адибони муваффақ дар жанри ҳаҷв буд. Умре дар маҷаллаи “Хорпуштак” кор кард ва дар навиштани памфлет ва ҳикояҳои ҳаҷвӣ дасти расову қалами сабз дошт.  Риштаи умраш 26 сол пеш, аниқтараш охири соли 1992 ба таври фоҷеавӣ канда шуд. 26 сол аст, ки дар маҳофили адабӣ хандаи ӯ ба гӯш намерасад. Агар зинда мебуд, имсол синнаш ба ҳаштод мерасид.

Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон мехонем:

БУРҲОН ҒАНӢ 1 майи соли 1938 дар деҳаи Роғифи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ таваллуд ёфтааст.

Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, то рӯзи фавташ ходими маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст. Асарҳояш аз аввали солҳои шастуми асри гузашта рӯи чопро дидаанд.

Дар эҷоди ҳаҷву мутоиба мумтоз буда, дар ин ҷода аз устодаш Фазлиддин Муҳаммадиев сабақҳои даркорӣ гирифтааст.

Ҳикояҳои ӯ «Ҳимоя» (1965), «Кори нек» (1968), «Эҳтиром» (1978), «Дафтарчаи қайдҳо» (1978) ӯро ҳамчун нависандаи ҳаҷвнигор машҳур гардондаанд.

Маҷмӯаи ҳикояҳояш «Хушомадгӯёнро азиз доред!» соли 1973, «Ҳар каллаеро як хаёл» соли 1977, «Хеши падар» соли 1987 чоп шудаанд.

Ҳикояҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, литвонӣ, булғорӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.

Аз соли 1978 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

30 декабри соли 1992 риштаи ҳаёташ канда шуд.

Дар Китобхонаи миллӣ аз зиндаёд Бурҳон Ғанӣ ва дар бораи ӯ ин маводҳоро метавонед суроғ кунед:

Хушомадгўёнро азиз доред!. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 126 с.

Аз ҳар калла як садо: Маҷмуаи ҳикояҳои ҳаҷвӣ. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 143 с.

Бурҳон, Ғ., Мирзо, Ф. Ба шумо дурўғу ба Худо рост. – Душанбе: Адиб, 2005. – 96 с.

Дарди кампир ғўза: Латифа // Хорпуштак. – 1963. – №2. – С. 5.

Латифаҳо: Ҳар ду хандиданд; Аз ин монда аз он ронда; Маслиҳат // Хорпуштак. – 1963. – №8. – С. 9.

Сартарош: Шеъри ҳаҷвӣ// Хорпуштак. – 1964. – №3. – С. 11.

Рубоиёт // Хорпуштак. – 1964. – №10. – С. 10.

Дўстам медорад: Ҳикояи якшингила // Хорпуштак. – 1965. –  №5. – С. 6-7.

Ҳаяҷон: Ҳикоя // Занони Тоҷикистон. – 1972. –  №11. – С. 22-23.

Атласпўш: Ҳикоя // Занони Тоҷикистон. – 1981. –  №7. – С. 19.

Меҳри падарарўс: Ҳаҷвия Агитатори Тоҷикистон. – 1988. – №13. – С. 33.

Бурҳон, Ғ., Саъдулло, М. Лабханд: Ҳаҷвияҳо // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 5 январ.

Расми одоб; Савганд: Ҳикояҳо // Рахшо. – 2001. – 29 июн.

Ду ҳикоя: Дафтари хотира; Кўзаи тилло // Омўзгор. – 1998. – 15 апрел.

Дар борааш:

Файзалӣ, М. Бурҳон Ғанӣ: Шеър ба муносибати 50-солагии зодрўзаш // Хорпуштак. – 1988. – №10. – С. 6.

Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ