Ҳафтоду панҷ соли забоншинос Наим Сангинов

 Наим Сангинов  15 ноябри соли 1944 дар ноҳияи  Айнӣ таваллуд  ёфтааст. Сангинов забоншинос, номзади илмҳои педагогӣ (1980), дотсент (1982). Соли 1966 факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кардааст.

  Солҳои 1967-1968 муаллими кафедраи забони англисии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1970-1971, афсари Артиши Шўравӣ, аз соли 1971 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд.

Якчанд сол дар вазифаи мудири кафедраи педагогика, психология ва методикаи кори тарбиявии Донишкадаи давлатии санъати  ва фарҳанги ба номиМ. Турсунзода адои вазифа намудааст.

  Якчанд солҳо ҳамчун дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷўраев кор карда, аз соли 1995 мудири кабинети методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ҳамчун муаллими ҳамкор дар донишгоҳи омўзгорӣ кор мекард.

Муаллифи як қатор асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Донишгоҳи омўзгорӣ. – Душанбе: Ирфон, 2011. – С. 363.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Наим Сангинов ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

 

Баъзе роҳҳои такмили таълими забони хориҷӣ дар мактабҳои тоҷикӣ // Мактаби советӣ. – 1983. – №6. – С. 29-31.

Функсияҳои асосии интиҳон // Мактаби советӣ. – 1988. – №4. – С. 22-24.

Ташхиси литсензионӣ тақозои замон: Ислоҳоти маориф // Омўзгор. – 2002. – 27 сентябр.

Баъди аттестатсия – ак – редитатсия: Ислоҳоти маориф дар амал // Омўзгор. – 2003. – 14 март.

Падидаи муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф // Омўзгор. – 2006. – 17 ноябр.

Низоми кредитӣ фарогири тамоми муассисаҳои таълимӣ бошад // Тоҷикистон. – 2015. – 10 сентябр.

«Азиза» и «Мухаббат» бойцы невидимого фронта: О разведчицах военного времени (1941–1944) Турсунове Махбубе и Шарифовой Мушаррафе // Народная газета. – 2017. – 2 августа.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ