Дур(р), яъне чӣ?

Дур(р) (арабӣ - марворид, марвориди калон), дар адаби форсӣ яке аз сувар (образҳо)- и шеър аст, ки дар таркибҳои гуногун ба маънои аслию маҷозӣ ва ҳамчун киноя дар назму наср ба кор бурда мешавад. Дур(р)  дар қаъри баҳр, дар садаф ба вуҷуд меояд.  Ғаввосоне ҳастанд, ки аз  қаъри баҳр маҳз ба чидани садаф машғуланд ва баъзан мавҷи дарё садафро ба соҳил мебарорад:

Ғаввос гар андеша кунад коми наҳанг,

Ҳаргиз накунад дурри гаронмоя ба чанг!

                                                                                              Саъдӣ

Дар кишварҳои Шарқ дур(р) - и гаронқимат ҳамон буд, ки ғаввосон аз мавзее ба номи Адан (воқеъ дар Яман), аз дарё ба даст меоварданд. Аз ин рў сувари дур(р)-и Адан дар шеъри шоирони гузаштаву муосири форсигў васф шудааст:

Дасткаши ҷафо макун оби рухам, ки файзи абр

Бе мадади сиришки ман дурри Адан намекунанд.

                                                                                                          Ҳофиз

Ба ақидаи мардуми ин мавзеъ дур(р)-и бадастовардаи онҳо қатраҳои борон ё жолаҳое буданд, ки ба дарё афтода, ба дур(р) мубаддал мешуданд. Чунонки Саъдӣ гўяд:

Зи абр афканад қатрае сўи ям,

Зи сулб уфтад нутфае дар шикам.

Аз он қатра луълуи лоло кунад

В-аз ин сурате сарвболо кунад.

Дур(р) аз ҷумлаи ҷиҳози ороишии занона (гарданбанд, гўшвор ва ғайра), нишони дороӣ, ҷоҳу савлат ва ифтихор аст. Дар «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ хештанороии Синдухт – ҳамсари ҳукмрони Кобул – Меҳроб чунин омадааст:

Биёрост танро ба дебову зар,

Ба дурру ба ёқути пурмоя сар.

Синдухт ба назди Сом бо ҳадяҳои фаровон меравад. Ҳамроҳои ў се бутрўй (чеҳраояшон ба мисли чеҳраҳои бут зебо) буданд ва:

Гирифта яке ҷом ҳар як ба каф,

Пур аз сарёқуту дурру садаф.

Шоҳон, аҳли дарбор, сарватмандон, бозоргонон дар пайдо кардану ҷамъ    овардани дур(р) ҳарис буданд ва саъй мекарданд, ки дур(р) –ҳои гаронмоя, бузургҳаҷм ба даст оварданд; аз доштани навъҳои дур(р) ифтихор мекарданд. Дур(р) - у гавҳар ҷузве аз арўс ба шумор мерафт  ва ё онро подшоҳони қудратманд аз ҳокимони зердаст ҳамчун боҷ меситонданд. Таъбири «дурри шоҳвор» ишора бар дур(р)- ест, ки лоиқи подшоҳ ва хазинаи ў буд. Дурри шоҳвор ҳамчунин ба маънои сухани пурмаънӣ ба кор бурда шудааст:

Зи давлат садаф лаб ба ханда кушод,

Дурри шоҳвор аз даҳонаш фитод.

                                                           Шодӣ

Дур(р) чун санги арзишманди ороишӣ бо таъбирҳои гуногуне номбар мешавад ва дар адабиёт, махсусан дар назм, ҳар кадоме аз онҳо бо маъниву мазмунҳои маҷозиву киноя ба кор бурда мешаванд. Масъалан, дур(р)- и носуфта, насуфта:

Дар хона ба иззату шараф бош,

Чун дурри насуфта дар садаф бош.

                                                           Хилолӣ

Дур(р) дар адабиёт киноя аз суханони бикру тару тоза, дўшиза, духтари бокира ва ғайра мебошад. Дур(р) суфтан – сўрох кардани марворид барои ба ришта кашидан низ ба маънии маҷозии каломи тару тоза гуфтан меояд:

Рўдакӣ, он ки дур ҳамесуфтӣ,

Мадҳи Сомониён  ҳамегуфтӣ,

Силаи шеърҳои ҳамчу дураш

Буд дар болои чорсад шутураш.

                                                           Ҷомӣ

 Аз ташбеҳҳои  басе маъмул дар адабиёти форсӣ монанд кардани дур(р) бо дандон ва ашк мебошад. Масъалан,  Рўдакӣ дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» мегўяд:

Маро бисуду фурў рехт ҳарчӣ дандон буд.

Набуд дандон, ло бал чароғи тобон буд.

Сапеду симрада буду дурру марҷон буд,

Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд!

Дур(р)-и самин. Дур(р)- хушоб, Дур(р)-и ноб, Дур(р) - ягона, Дур(р)-и якто, Дур(р)- маҷозан ба маънои ашк омадаанд :

Рехта дар пои ту Ҷомӣ зи чашм

Ҳамчу назми хеш дурҳои самин.

                                                           Ҷомӣ

Дар назму насри форс – тоҷик забони дарӣ низ гоҳе ба дур(р) ташбеҳ шудааст ва шоирон онро васф кардаанд:

Ман онам, ки дар пои хукон нарезам

Мар-ин  қиматӣ дурри лафзи дариро.

                                                           Носири Хусрав

 Ҳамчунин бархе аз донишмандону адибон унвони таълифоти худро бо вожаи дур(р) оро додаанд, ба монанди «Дуррату-т-тоҷ», «Дурри порсӣ», «Дуррату - л – воъизин», «Дуррату- ул- ахбор ва ламъату- л –анвор», «Дурр-у- маҷолис» ва амсоли инҳо.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ. 6 . – С. 250-251.  

Муаллиф: М. Диловаров 

Таҳияи Марзия Зардодхонова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.