«Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!» чунин буд номи мизи мудавваре, ки дирӯз, якшанбе дар шаҳри Душанбе бо ширкати Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ду давлат мизи мудаввар баргузор гардид. Вазирони фарҳанги ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ нахуст мулоқот намуда, сиипас меҳмонон аз китобхона дидан намуданд.