Бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО китоби "Нома ва номанигорӣ дар "Шоҳнома"- навиштаи шодравон доктор Ҷурабек Назрӣ ва доктор Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ мунташир шуд. Ин китоб солҳои 1999 ва 2014 дар шаҳри Душанбе (бо хати кириллӣ) ва соли 2001 дар Теҳрон бо хати форсӣ чоп шудааст. Муаллифони китоб таъкид мекунанд, ки башар аз ҳамон ибтидо, ки соҳиби тафаккур, забон, хату савод ва коғазу давот гардид, барои
Аз чаман беш аст дар домаш парафшонӣ маро,
Ин парафшонӣ ба домаш бод арзонӣ маро.
Ту ба теғам рониву ман бо дуо мехонамат.
Бо чи мехонам турову бо чи меронӣ маро?!
Зулф аз хоки Эрон буд, дар соли 1321 вориди хоки Бухоро шуд. Ба воситаи яке аз аҳбоб ба камина шиносоӣ пайдо карда, ду байти болоро
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳамкорамон Ҳайдаралӣ Аюбов – сардори Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷиро ба сипоснома қадр кард.
Дар сипоснома омадааст: Аюбов Ҳайдаралӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.
Ҳамкорамон Ҳайдаралӣ Аюбовро ба ин қадршиносӣ самимона муборакбод мекунем.
Муаррихи маъруф Масъудӣ дар «Муруҷ-аз-заҳаб» доир ба ҳамин масъала чунин меорад : «авом китоби Зардуштро «замзама»меноманд ва дар байни шуаро ҳам мурғони хушовоз ба «зандхон» ё «зандбоф» маъруф буданд».
Дар оини зардуштӣ нақши шунавандаи ғайрифаолро (яъне нафаре, ки танҳо ба гӯш андохтани Замзама фарогир аст) зери танқид қарор медоданд, яъне тибқи дастури мӯбадон, мебоист, ки ҳамаи пайравони ин мазҳаб худашон низ бо овози баланд готҳоро сароянд. Дар аксари кулли маъхазҳо ин расмро «замзамахонӣ номидаанд, аммо бояд зикр намуд, ки Замзама ё замзамахонӣ– ин расми бо лабони пӯшида бо овози «ҳм..»(садо дар ин ҳолат танҳо аз димоғ хориҷ мешавад)
Адабиёти ҷаҳон ду нависандаи маъруфро бо номи ДЮМА мешиносад. Ва ҳарду ҳам Александранд, ҳарду узви як хонадонанд – падар ва писар. Ҳарду адибони муваффақанд. Аз ин рӯ чун дар бораи Александр Дюма хоҳанд матлабе нависанд, ҳатман дар қавс ишора мекунанд, ки ин кадом Дюма аст: падар ё писар. Ва суҳбати мо аз Александр Дюмаи падар аст.
Александр (Дюма – падар; номи комилаш – маркиз Александр Дюма Дави де Ла Пайетри, 24.7. 1802, Виллер –Котре, музофоти Эн – 5. 12.1870, Пюи, музофоти Сенаи Поин), нависанда, шоир, драманавис ва рўзноманигори фаронсавӣ. Корманди идораи нотариалӣ ва сипас котиби дабирхонаи ҳерсог Орлеан (шоҳи ояндаи Фаронса Луи Филипп) буд.